МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН – ХОИНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ.

МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН – ХОИНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ.

МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН – ХОИНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ. Имрӯзҳо ифротгароёни халқи тоҷик садои шағолмонанди худро аз манотиқи гуногуни дунё бароварда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуљуди ин, онҳо аз берун зарари худро расониданиданианд. Яке аз душманони давлати Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддин аз берун истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ранги мори афъи мечашад, ки аз амалҳои маккоронаи ӯ кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар аст. Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Муҳаммадиқболро хоинро зимни пахши хабарҳояш дар сомонаи “Ислоҳ – нет” дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст. Оне, ки бо номи бетағйир ҳар ҳодисаву воқеаи кӯчаки дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастаро ба риштаи танқид мекашад, кист? Чӣ гузаштае дошт? Муҳаммадиқболи Садриддин писари яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТЭТ ҲНИ Садриддинов Қаландар мебошад, ки солои нооромӣ маҳз бо ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Қурғонтеппа ба Ҷумҳурии Исломии афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд. Чун ин усул низ пешакӣ андешида шуда, мардум маҳз ба хотири рӯёнидани маблағҳои калони пулӣ барои будубоши гурезагон ва ҳам истифодаи номи “гуреза” аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ истифода шудаанд. Бо ҳидоятҳои падар Муҳаммадиқбол солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта аз шогирдони муваффақи як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароии ин кишвар гардидааст. Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш онаст, ки ин муболиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷовонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо тарс сухан мегӯянд. Шурӯъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи бадбахт, ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист. Ин рӯйхатро идома додан мумкин аст, аммо суол ба ҳама ин якест: ҷавонмарде, ки тобути падару модарро намебардорад, нафаре, ки маблағи ночизи раҳкироро аз ҷанозаи падар боло медонад, шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ оз наздикони худ даст мекашад, барои мо – мардуми оддии кишвар чӣ амали некеро анҷом медиҳад? Ҷавоб ба ин савол пушти нигоштаҳои болост. Айни замон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамаслакону балегуёнаш, ки Муҳаммадиқбол яке аз онҳост бо корбурди тамоми маҳорати тӯли солҳо аз сарпарастони хориҷи омӯхтаву андӯхтааш талош дорад, ки ба ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гйё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо саъй карда, роҳи раҳҳоии кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад. Мақсади аслиашон аз роҳандозии ин пружа онаст, ки бо фазосозӣ дар дохили кишвар ва бо ҷалби таваҷҷуҳу кумаки нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ дигарбора дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур пайдо кунанд, аммо ин ҳарфҳову ҳадафҳои онҳо идомаи ҳамон хаёлпардозиҳояшон аст, ки дар боло ба он ишора шуд. Сокини ноҳияи Восеъ: Ализода Ё.С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-05-2022, 13:22:11 | Диданд: 164