ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9332]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6091]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5799]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4958]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4279]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4259]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4241]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4228]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3890]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61512
ДАР ХУСУСИ ВАЗЪИЯТИ ВМКБ.

ДАР ХУСУСИ ВАЗЪИЯТИ ВМКБ. Чандин сол аст, ки масъалаи ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруғ вирди забони мардуми ҷумҳурӣ, минтақа ва олам гаштааст. Яқин аст, ки чунин ҳолат пеш аз ҳама, манзалату обрӯи бадахшониҳо ва миллати тоҷикро доғдор месозад. Имрӯзҳо хоинони милат бар он ақидаанд, ки бо дуруғу найрангҳояшон мардумро фирефта карда таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намоянд. Ин хоинони бадбахт то ҳол намедонанд, ки мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд дигар бозичаи дасти наҳзатиёни бешарм намешаванд. Кули мардуми шарифи ВМКБ зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои ва ҳаргуна шахсиятҳои нохалаф дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шуморанд. Зеро, ки ин хоинони бадбахт ба ҳар роҳу усулҳои бардурӯғ мехоҳанд, ки мардумро бар зидди Ватани худ равона созанд. Мо соҳибватанем ва зодгоҳи худро бояд посдорем душманони худро иҷозат намедиҳем, ки ватани моро танқид намоянд. Шахсан ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шод аз онам, ки ин сарзамини мардуми мо ҳамарӯз ободу зебо гашта истодааст. Ин хоинони бадбахт мехоҳанд бо ҳар гуна роҳу восита мардумро ба муқобили давлату Ҳукумат шуронанд аммо суханони онҳо ба касе таъсирбахш нестанд ба ҷуз худ ва хоҷагонаш. Мо насли даврони соҳибистиқлол кишвари худро ҳимоя мекунему муқадасоташро ҳифз ва пос медорем. Душманони мардуми мо дар ҳама давру замон буданд аммо мо ба онҳо диққат намедиҳему кори созандагии худро идома медиҳем. Тоҷикистони азиз дар тулии ҳазорсолаҳо фарзандони бо нангуномусро ба воя расонидаас ва донистани онҳо пайрави намудан ба онҳо моро дигар ягон хоин наметавонад бар суи худ фирефта намояд. Ашхосе ҳам ҳастанд, ки берун аз Тоҷикистони азиз умр ба сар мебаранд. Ба ҷои он ки мисли шаҳрвандони кишварҳои пешрафта ва тамаддунофар ба Ватани аҷдодӣ дасти ёрӣ расонанд, сармоягузорӣ кунанд, дар андешаи рушди он бошанд, баръакс бар оташи ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруғ равған мерезанд, вазъро боз ҳам печидатар месозанд. Ва гуфтанӣ ҳастам, ки агар ба Ватани худ фоида расонида наметавонед, хоҳиш мекунам, масъулияти инсонӣ ва меҳри ҳамдиёриро барои таъмини суботу оромии кишвар гум накунед. Вазифаи мо ва аҳли ҷомеа аст, ки ҷавонони гумроҳро аз зери таъсири он ҷинояткороне, ки барои ватани аҷдодии худ ақаллан дарахтеро сабз накардаанд, хиштеро болои хиште нагузоштаанд ва дар назари ҳамдиёрони худ ғайр аз ҷинояту бадномӣ хотираи дигаре боқӣ намегузоранд, берун созем. Ҳар кас бояд бидонад, ки то замоне дар шаҳри Хоруғ ҷиноят ва ҷинояткорон озоду сари худ ҳастанд, обрӯю манзалати сокинони Бадахшон зери суол қарор хоҳад дошт. Аз ин вабо ҳарчӣ зудтар бо истифодаи тамоми роҳу имкониятҳо раҳо бояд ёфт. Фардо дер мешавад. Сокини ноҳияи Восеъ: Ализода Ё.С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-05-2022, 14:06:45 | Диданд: 248