МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Вокуниш: Нагузоред, ки аҷнабиён миёни мо ҷо гиранд!

Вокуниш: Нагузоред, ки аҷнабиён миёни мо ҷо гиранд!

Вокуниш: Нагузоред, ки аҷнабиён миёни мо ҷо гиранд! Ҳодисаҳои вақтҳои охири Бадахшон диққати созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳатто душманони миллат, ки дар шабакаҳои интернетӣ тафриқаандозӣ мекунанд ҷалб намудааст. Ҳодисаи ҷанги давлаи Украина барои мо дарс аст. Мардуми ВМКБ бояд аз ин ҷанги Русия бо Украина хулоса бароранд. Чунки дигарон танҳо хоҳони бенизомиии минтақаҳо буда, ҳаргиз намехоҳанд, ки сулҳу оромиро ба миён биёранд. Мақсади бегонаҳо ҷудоиандозӣ, бештар кардани кинаву адоват аст. Зеро онҳо бо чунин усул як давлатро ноором сохта дар он майдони ҳарбу зарбро табдил дода, аз он манфиат меҷӯянд. Аз ин хотир моро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда бо ҳам муттаҳид бошему ин озодиву оромиро қадр намоем. Масъалаи вуҷуд доштани қуммандон ва дигар ҷинояткорони муташаккил дар ҳамаи гӯшаву канори мо вуҷуд дошт. Аммо дар доираи қонун ҳамаи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Нафаре, ки талаботи қонунгузориро риоя намекунад, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Амният ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳатто дар вақти шабона ва рӯзҳои истироҳатӣ навбатдорӣ карда, ҳуқуқу озодиҳои моро таъмин месозанд. Аз ин лиҳоз мо бояд, ин неъмати бузурги худ истиқлолияти давлатиро ҳифз намоему ба гуфтаи тафриқаандозон гӯш надиҳем. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар ҳудуди давлати Қазоқистон баъди ҷамъомад ва эътирозҳои мардум чи ҳодиса рух дод. Ҳатто давлатҳои Иттиҳоди мустақил намехоҳанд, ки дар як давлати аъзои онҳо низ нооромӣ бошад, чунки дар ҳолатҳои ноороми тероризму экстремизм ҷой гирифта, ба дигар давлатҳои ҳамсоя таъсири манфиашро низ мерасонад. Валихуҷаи Саид –сокони ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-05-2022, 08:09:12 | Диданд: 226