ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9291]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6086]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5791]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4953]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4274]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4255]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4237]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4226]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3889]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61379
Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд, Як бад накунад то ба худаш сад нарасад.

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд, Як бад накунад то ба худаш сад нарасад. Ҳодисаҳои охири соли 2021 ва моҳи майи соли ҷори, ки дар шаҳри Хоруғ ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба вуқуъ пайвастанд тавассути тарҳрезии моҳирона ва якҷояи хадамоти махсуси хориҷи фаъолияти ташкилотҳои ғайри ҳукумати ва ташкилотҳои байналхалқи ва ташкилотҳои террористи бо якдигар талҳам мегардад. Дар саргаҳи тамоми фоҷеаҳо Алим Шерзамонов ва якчанд хоини ватанфуруши дигар қарор доштанд. Шерзамонов Али соли таввалудаш 1964 зодаи шаҳри Хоруғ муовини роҳбари ташкилоти террористии ба ном “Паймони миллӣ” дар яке аз кишварҳои Аврупо қарор дорад. Ин хоинони бадбахти беватан, бедину имон имрӯзҳо бар он ақидаанд, ки бо дуруғу найрангҳояшон, бо маблағи ночизе, ки аз тарафи хоҷагони хориҷиашон мегиранд мардумро фирефта карда таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб менамоян. Шоири бузургвор Умари Хаём фармудааст: Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд, Як бад накунад то ба худаш сад нарасад. Ман неки та хоҳаму ту хоҳӣ бади ман, Ту нек набинию ба ман бад нарасад. Бешарафони ватанфӯруши бадбахт то ҳол намедонанд, ки мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд дигар бозичаи дасти хоинони беватан намешаванд. Кули мардуми шарифи Тоҷикстони азизамон аз ҷумла мардуми ВМКБ ро зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои, ва ингуна хоинон ба монанди Шерзамон Али ва дигар ҳамаслаконаш дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шуморанд. Зеро, ки ин хоинони бадбахт ба ҳар роҳу усулҳои бардурӯғ мехоҳанд, ки мардумро бар зидди Ватани худ равона созанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки таблиғоти ин ашхоси миллатситез пурра дар дораи идеалогияи ҷангу хунрезӣ дар сарзамини муқаддаси мо Тоҷикистони азиз, пеш бурда мешавад. Чунин ашхосро тоҷик ё ҳамватан номидан мумкин нест. Ба кулли мардуми ВМКБ аз ҷумла ба ҷавонон муроҷиат карданиям, ки бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Ҳамин тариқ бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу ташкилотҳои экстремистиву террористи бо истифода аз дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, воситаи ахбори оммава шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабарҳои бардурӯғ ба ҷалб намудани аъзои нав ба сафи худ машғуланд. Дар чунин шароит, мо ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз пайи донишомӯзӣ ва пешбурди зиндагии осоиштаи худ бошем. Сокини ноҳияи Восеъ Ализода Ё.С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-06-2022, 08:36:02 | Диданд: 193