МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

САОДАТИ КИШВАР – АЗ АМНИЯТИ ОН.

САОДАТИ КИШВАР – АЗ  АМНИЯТИ ОН.

САОДАТИ КИШВАР – АЗ АМНИЯТИ ОН. Дар даҳсолаҳои охир сайёраи заминро ноамнии кишварҳою сарзаданӣ ҳама амалҳои тадориқаомез нисбат ба ҳарвақта дида бештар ба таҳлуқа андохтааст. Бисёре аз кишварҳо дар ҳавзаю ҳалқаи ин амалҳои моҷароҷӯёна қарор дошта мардумон дар ҳолати фақру нодорӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Мардумони ин кишварҳо розиянд, ки бо чӣ баҳое бошад амнияти кишвару сулҳу суботи онро таъмин намоянд, аммо ин насибашон намегардад. Чунин ҷанги таҳмулию шаҳрвандӣ дар охири солҳои навадуми асри гузашта ба дастгирию маблағгузории душманони хориҷиамон аланга зада буду мардуми соҳибмаърифати моро каме ҳам бошад ба гирдоби гумроҳи кашида буд, ки ранҷу қулфати онҳо то ҳанӯз қалбҳои моро ба дард меораду бо таасуфу пушаймонӣ мегӯем: “Ин чӣ нофаҳмию гумроҳие буд, ки мо кардем”, муқобили ҳам ханҷар гирифтему, сӯи бародари ҳамхуни худ оташ кушодем”. Мо имрӯз шукрона мекунем, ки хатои худро зуд фаҳмидему дигар ба суханони ғаразноку фитнаангезони хоҷагоне тафриқаандозомон гӯш надода, камон аз даст канда ҳамдигарро ба оғуш гирифтему ашки пушаймонӣ рехта, лаънат ба душманонамон хондем. Ҳоло шукронаи он дорем, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон баъди музокиротҳои сатҳи олию гуфтушунидҳо ба ҷониби мухолифон 27 – уми июни соли 1997 сулҳи мо ба имзо расид, ки соли равон мо 25 солагии онро дар сатҳи олӣ ҷашн гирифтем. Ба даст овардани сулҳу таъмини амнияти мардуми кишвар ба мо ба чи душвориҳое ба даст омад, ки ҳамаи мо аз саҳифаҳои расонаҳои хабарӣ ва намоишномаҳои шабакаҳои гуногуни оинаи нилгуну гуфторҳои радиои кишвар бо хубӣ воқифем. Дар ин муддати 25 соли пойдории ваҳдати миллӣ ва пойдории сулҳу суботу таъмини амнияти кишвар мо тоҷикон бо накӯи дарк намудем, ки ин ҳама чи арзише доштааст. Амнияти кишвар ин амнияти ҳар як оила, таъмини зиндагонии шоиста, болоравии сатҳи зиндагии мардум, инкишофу тараққиёти ҳама соҳаҳои мавҷудаи кишвар ва хотир ҷамъи мардум аст.Метавон гуфт, ки амнияти кишвар заминаи боэътимоди саодатмандии мардум буда, ҳифзи он, таъмини он фарзияту воҷиботи ватандории ҳар яки мост. Дар марҳилае, ки сайёраи заминро гурӯҳҳои тафриқаандоз ба коми нооромию ҷангҳои мазҳабию байни давлати кашида зиндагонии осоиштаи миллионҳо одамонро халалдор месозанд, таъмини амнияти давлатамон аз мо аз ҳарвақта дида бештар ҳушёрию зиракии сиёсиро металабад. Дар ин марҳилаи пуртазоду пур аз кашмакашиҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ моро лозим аст, ки дар ин самт монда нашуда мубориза барем, намонем, ки ин гурӯҳҳо баҳри амали гардонидани ниятҳои ифлоси худ сар бардоранд, онҳоро дар ҷояшон саркуб намоем. Мо ба накӯи мебинем ва медонем, ки Пешвои муаззами миллатамон дар ин самт чи корҳои бузурги аҳамиятӣ глобалӣ доштаро дар бобати таъмини амнияти кишварӯ минтақа анҷом дода истодааст. Ҷангу ҷидол ба касе бахту шодӣ наовардааст, ягон кишвар ва мамлакатеро ба сӯи иҷроиши барномаи таъмини зиндагии босаодати мардумаш роҳнамоӣ накардааст. Мо баҳри исботи гуфтаҳои боло кишвари ба мо дӯсту ҳамзабон ва ҳамдинамон Афғонистонро мисол меорем, бинед мардумаш дар сатҳи паст дар ҳолати фақру нодорӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Мо тоҷикону Тоҷикистонием шукронаи ин ҳама фазои амну осоиши кишварро ба ҷо биорему дар атрофи Пешвои миллати худ муҷоҳид шуда, ҳар сухани ӯро дар роҳи таъмини амнияти сартосарии кишвар, пойдор нигоҳ дорем. Мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Орифзода М. Қ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-07-2022, 12:54:02 | Диданд: 221