МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Қалъаи амният кишвари мо

Қалъаи амният  кишвари мо

Қалъаи амният кишвари мо Ҳар қадар ҷомеаи ҷаҳонӣ рушд намуда бисёр масъалаҳоро баҳри зиндагии шоистани инсоният ҳалу фасл менамояд, боз ҳамон қадар мушкилоту масъалаҳои ба зиндагии осоиштаи сокинони сайёраи замин таҳдидкунандаи пеорӯ меояд, ки эҷодгари ин ҳама бошандагони ин заминанд; Мадад, Эй зиёдагони ман ! Ҳазор, эй қавмҳои ҷонситони ман Дар ин боб ҳақ ба ҷониби шоири тоҷик Муъмин Қаноат аст, ки зомин дар ҳолат аз фарзандони оқилу нексиришту некандеши худ мадад хоста аз он қавми аҳриманди ҳазар дорад. Дар замони муосир, ки бо ибораи Пешвои Муаззами миллат замони пур аз тазодҳо ва печидагиҳои сиёсӣ ҳост ҳар як соҳибватанро лозим меояд, ки баҳри таъмини амнияти кишвараш доимо омода бошаду дигаронро дар ин амали наку ташвиқу тарғиб намояд. Калиди ҳама хушбахтиҳою пешравиҳои соҳаҳои гуногун, болоравии сатҳи зиндагии мардуми маърифатманди онҳо ин амнияти кишвар ва сулҳу суботи ҳамешагии он мебошад. Агар мо бо ибораи “Ҷаҳон дар панҷаи ҷанг” чун пажуҳишгар ба умқияти он назарандозӣ намоем мебинем, ки инсоният мубтадол ва гирифтори чи қадар ҷангҳои хурду бузург шуда, миллионҳо фарзандони худро талаф додааст, ки то ҳанӯз доғи онҳо дар қалбҳост. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти миллӣ дар қатори мамлакатҳои сулҳхоҳи ҷаҳон чомҳои устувор зада баҳри таъмини сулҳу суботу таъмини амнияти кишвару минтақа ва ҷаҳон талошҳои бо суботе дорад. Ҳамин талошҳо ва ҳадафҳои сулҳдӯстонаи мо буд, ки дар андак муддати таърих кишвари тозаистиқлоли моро кулли давлатҳои ҷаҳон шинохту дар ҳама самтҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ муносибатҳои некбинона дорем. Пешвои муаззами миллат дар ҳама баромадҳои хеш диққати аҳли кишварро ба он менигаронад, ки ҳамеша ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини амнияти кишвар омода бошанд. Мо мардуми тоҷик як бор ба дами дасисабозони тоҷик як бор ба доми талх бодаи ҷанги шаҳрвандиро чашидему чи ҳодисаи нанговару манфури онро эҳсос мекунем. Вайронаҳои ин ҷангу зарарҳои иқтисодии онро мардуми шарифу меҳнатқарини мо дар зарфи як – ду даҳсола барқарор намуданд. аммо захми қалбҳо чӣ, чандин даҳсолаҳо лозим, ки онҳо андаке шифо ёбанд. Калиди ҳама пешравиҳо ин амнияти давлатӣ мебошад. Президенти кишварамон муҳтарам Эмомали Раҳмон чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ доимо дар талоши ба даст овардани сулҳу суботи кишвари ҷангзадаамон буду баҳри ба даст овардани он аз ҷони ширини худ мегузашт, то кишвараш, мардумаш дар ҳолати амну амонӣ зиндагӣ намоянд ва чун ҳадаф “Ман ба Шумо сулҳ меоварам” буд 27. Июни соли 1997 Сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Мухолифин ба талошҳои сарвари ҷавони давлат, мадонагию ватандӯстии он тан доданду имзои хешро баҳри сулҳу салоҳи кишвар гузоштанд, дар Тоҷикистон марҳилаҳои нави созандагию бунёдкориҳо оғоз шуд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Орифзода М. Қ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-07-2022, 13:03:57 | Диданд: 217