МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Амният – нуру сафои миллат

Амният – нуру сафои миллат

Амният – нуру сафои миллат Амнияти давлат, амнияти шахс ин ҳама ба пойдорию устувории он ниёз дорад. Воқеан, заминаи ҳама пешравиҳо, хушбахтиҳою пойдории амнияти кишвар бо ҳам сахт алоқаманди дорад. Дар кишваре, ки дар он фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ, ватандӯстдорию садоқат ба он ҳукмфармост, мардуммаш аз паи зиндагии осоиштаи хешанду бунёдкориҳо баҳри болоравии сатҳи зиндагиашон муваффақона сурат мегирад. Вале дар кишварҳое, ки дар қаламврави онҳо фазои ноороми сиёсӣ ҳукмрон ҳаст, ҳаргуна тафриқаандозиҳо бошандагонаш дар ҳолати фақру нодорӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Аз ин рӯ ҳама мардуми сайёраи заминро лозим меояд, ки баҳри ин ҳама нооромию осудаҳолии бошандагони ин сайёра даст ба дасти ҳам дода нагузоранд, ки қувваҳои аҳриманӣ рахнае бар девори амну суботи онҳо зананд. Ҳолан дар як қатор давлатҳо чун Яману Ироқ, Шому Фаластин ва Афғонистони ба мо ҳаммарз, ки бозичаи дасти гурӯҳҳои манфиатҷӯ гаштаанд, ҷангҳои мазҳабию қабилавӣ идома дошта зиндагии мардумаш ҳар ҳолати пасти иқтисодию иҷтимоӣ қарор доранд. Ҳолати ногувори ин кишварҳо ба мо дарси хубеанд, то бидонем, ки фазои осоишта, ҳамдилию ҳамдигарфаҳми чӣ нақши таърихгузору назаррасе дар зиндагонии ҳамарӯзаи мо дошта метавонад. Мо мардуми тоҷик азалан мардуми фарҳангиему худшинос, чун ба таърих ба чашми таҳқиқ менигарем, мебинем, ки гузаштагони мо ҳамеша дар пайи пойдорию амнияти давлатӣ буданду фарзанди шуҷою далери миллат, Шераку Спитамен, Темурмалику Восеи диловар ва даҳҳо тани дигар, барои таъмини зиндагонии шоистаи мардумашон ҳазорон душмани дохилию берунаашонро борҳо ба зону шинонда буданд. Дар марҳилаи ҷадид, ки амнияти сайёраи зебои замин, хатари ноороми домангир аст ва мо тоҷикон шароби талхи нооромии кишварро дидаю чашидаем, бояд дар зери партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон ва дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози ӯ даст ба бунёдкориҳо зада, нагузорем, ки адуе даст баҳри рахна бар девори амнияти мо занад. Имрӯз рисолати мо аҳли зиё ва насли калонсол аст, ки дар бобати эҳтироми, ҳамдигарию дӯст доштани Ватан, душманбадбинию нагаравидан ба гуфтаҳои онҳо, тарбия карда насли ҷавонро думболи худ барем. Дар ин ҷаҳони муосири пур аз моҷароҳо ҳамон қавму миллат осудаю хушбахтона зиндагӣ менамояд, ки дорои фарҳангу маърифати баланди худогоҳию хештаншиносӣ ва ватандорию ватандӯстианд. Ба ҳама мардуми шарифу бо нангу ори Тоҷикистони азиз дар фароварди суханам гуфтаниам, ки фурсати он расидааст, ки мо ба суханони фитнаангию иғвогаронаи ҳеҷ гуна қувваҳои бегона гӯш надода, ба тамоми ҳастиамон аз паи ободии кишвар бошему дар амалӣ шудани ҳадафи чоруми он – саноатикунонии мамлакат нақши арзанда гузорем. Сафарҳои кории Пешвои муаззами миллатро ба кишварҳои гуногуни олам баҳри пойдории дӯстию бародарӣ мебинаму мисраъҳои шоири тоҷик, Мирзо Турсунзода ба хотирам меояд: Мо сафар дорем бо амри Ватан, Бо супоришҳои халқи хештан. Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Орифзода М. Қ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-07-2022, 13:09:51 | Диданд: 175