ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10237]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6226]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5994]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5099]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4435]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4398]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4385]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4378]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4014]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 66696
Ташабуси Ҳукумати кишвар бо мақсади баргардонидани кӯдакон аз давлати Сурия.

Ташабуси Ҳукумати кишвар бо мақсади баргардонидани кӯдакон аз давлати Сурия. Бояд гуфт, ки бо ташаббус ва дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Xумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон масъалаи њарчи зудтар ба Ватан баргардонидани кўдакони тољик, ки ҳамро бо оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар неруҳои таррористию экстремистӣ вориди сарзамини Сурияву Ироқ шудаанд мавриди пайгири ќарор дода шуд. Мутаъсифона шаҳрвандони гумроҳи мо барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафта, баҳри ҳифзи ғояҳои экстремистии худ оила фарзандон ва авлоди худро зери хатар монда дар он иштирок намуданд. Дар натиҷа садҳо нафар Тоҷикистониён ба ҳалокат расида, оила ва фарзандони онҳо сарсону саргардон шудаанд. Бо ташабуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали оғоз ёфтани ҷанг дар Сурия ва Ироқ бо мақсади эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон як зумраи онҳо аз хориҷа ба Ватан баргардонида шуда буданд. Мутаъсифона баъзе аз шаҳрвандони мо таклифи сарвари давлатро мадди назар намуда, ба Ватан бар нагштанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат ва кафили ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд бо иқдомҳои худ ҳамватанони моро дар куҷое, ки набошанд ҳифз хоҳанд кард. Ҳамин тариқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 150 нафар кӯдаконе, ки дар давлати Сурия қарор доштаанд, ба Ватан баргардонида шаванд. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Сокини ноҳияи Восеъ Ализода Ё.С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-07-2022, 06:48:03 | Диданд: 228