МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

АМНИЯТИ КИШВАР ВАЗИФАИ МО.

АМНИЯТИ КИШВАР ВАЗИФАИ МО.

АМНИЯТИ КИШВАР ВАЗИФАИ МО. Солҳои охир амну амнияти давлатҳои алоҳидае бо дасисабозиҳои душманонашон халалдор гардида, дар онҳо ҷангҳои қабилавию мазҳабӣ аланга мезанад. Писар дар сангар муқобили падар дар камин нишастааст, ки заминаи ҳамаи ин ба манфиати гурӯҳи алоҳидае ҳасту бас. Дар замоне, ки муборизаҳои геополитикӣ то рафт пурқувват мешавад, хатари сар задани моҷароҳо меафзояд. Ҳамон давлату қавмияте аз ин тундбоди шум эмин мемонад, ки бештару бештар худогоҳу хештаншиносанду маърифати баланди ватандориро моликанд. Кӣ дӯсту кӣ душман буданро дар нигоҳи аввал мефаҳманд. Сабаби ҳама амали моҷараҷӯёнаи давлатҳои ҷангзада агар аз як ҷониб дасисабозиҳои қувваҳои манфиатҷӯи дохилию беруна бошанд, амали дигару асосии он ин камфаҳмӣ, арҷ нагузоштан ба таъриху фарҳанги миллат, худогоҳ набудан ва бо дониши мукаммал мусаллаҳ набудани ҷавонону хештаншинос набудани қувваҳои ҷавони кишвар аст. Амният, адолат, сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ инҳо ҳама вожаҳое ҳастанд, ки ба шуниданашон руҳу равони инсон шод мегардаду ғам аз ӯ дур. Мо мардуми шарафманди тоҷик барои пойдории сулҳу субот, амну амонӣ доимо дар талошем. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон чун сиёсатмадори варзидаи ҷаҳонӣ доимо оиди пойдории сулҳу субот дар сайёраи замин дар мубориза аст. Мо худ шоҳидем, ки Пешвои муаззами миллат чандин маротиба аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баромад намуда, ҳама амалҳои бадкирдоронаи гуруҳҳои ифродиро маҳкум намуд, ки нияти нопоку манфури онҳоро ба оламиён фаҳмонд. Дар ин бобат мо бошандагони Тоҷикистони азиз пайрави Пешвои худ мебошему доимо дар талаби талоши онем, ки амнияти сайёраи замин пойдор бошад. Ободкориро аз хонадони худ оғоз намо мегӯянд, мардуми мо. Барои ҳамин ҳам дар навбати аввал мо амнияти кишвари худро таъмин менамоем, зеро амният, амну амонӣ заминаи боэътимоди ҳама пешравиҳои ҳаёти ҳаррӯзаи мост. Ҳамин таъмини амнияти кишвар буд, ки дар зарфи се даҳсола мардуми шарафманду ваҳдатофари мо дар бобати тараққи додани соҳаҳои мавҷуда роҳеро тай намуд, ки ин ба чанд садсола баробар аст. Насли ҷавону ояндасози мо дар радифи насли кӯҳансолу миёнсоли ватан истода дар ин пешравиҳо саҳм гузоштааст, дар бобати ҳимояи ватан аз ҳаргуна хавфу хатар доимо дар ҳолати омодабош қарор доранд. Онҳо аз донишҳои замони муосир бархурдоранду ба ҳеҷ гуна суханони пучу бемаънои иғвоандозон эътиборе намедиҳанд. Мо ки бо Афғонистони ҳамсоя кишвари ҳамзабон, ҳамдину ҳаммазҳаб ҳастем, медонем, ки солҳост дар ин кишвари мусулмоннишин ҷангҳои дохилӣ идома дораду сол ба сол фақру нодорӣ, нодонию гумроҳӣ ин мардумро домангир аст. Ин ҳама барои мардуми мо сабақи хубест, то амнияту якпорчагии кишварамонро бо баҳои ҷон ҳифз намоем. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ . Орифзода М.Қ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-07-2022, 14:37:28 | Диданд: 226