Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3935]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 53681
ТУҲМАТҲОИ НАВБАТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ
хиран шоҳид мешавем, ки баъзан шахсияту гурӯҳҳои алоҳидае бо истифода аз шабакаи интернет ба туҳмату дасисакорӣ даст мезананд. Аз ҷумла, пайравони ташкилоти экстемистию террористии ҳизби наҳзат гӯё ҳар як пешрафти давлату миллат мисли хоре дар чашмашон мехалад, ки ҳамеша туҳмату буҳтонро самти муҳими фаъолиятҳои идеологии худ қарор додаанд. Ин гурӯз ҳарчанд лофи пойбанд будан ба таълимоти шариатро мезананд, аммо дар асл кайҳо исбот гардидааст, ки ҳатто фармудаҳои шариат барояшон арзиши худро гум кардааст. Агар ин тавр намебуд, онҳо ҳатто дурӯғу туҳматҳои худро барои ҷаззобу зебо шуданаш ба масҷиду ходими дин рабт намедоданд. Ахиран ҳизби ифротии наҳзат дар саҳифаҳои интернетии худ маводе нашр карда, зимни он рӯҳонияти Тоҷикистон ба тиҷорат тавъам арзёбӣ мекунад.
Шукри Аллоҳи меҳрубон, мудати се сол мешавад, ки ман ҳамчун хатиби масҷиди ҷомеъ кор мекунам ва инчунин масъулияти имомии панҷвақтаро бар дӯш дорам. Дар ин муддат Худо шоҳид аст, ки ягон маблағ ба касе надодаам ва касе аз ман чизе талаб накардааст ва дар ҳамаи намозҳои панҷвақта ба қадри дониш амри маъруф ва наҳи мункар карда истодам. Касе инро манъ накардааст.
Умуман матлуби мазкури саҳифаи интернетии наҳзатиёни хоин комилан муғризона аст, ки хонандаи закӣ бо хондани он зуд найрангҳои навбатии наҳзатиёнро пайхас мекунад.
Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳадафҳои аслии ин хоинони миллат ва Ватан огоҳ шуданд ва Худо хоҳад ин хоинони миллат ҳаргиз ба мақсадҳои шуми худ нахоҳанд расид.
Нуриддин Файзуллоев,
имоматиби масҷиди ҷомеи ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт
Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/932
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-07-2018, 16:49:25 | Диданд: 1122