ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9282]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6086]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5790]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4953]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4274]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4254]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4237]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4226]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3889]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61295
Хорӯғ

Хорӯғ Аз Душанбе то ба Хатлон. Аз Зарафшон то Бадахшон, Сарзамини Тоҷикистон. Баҳри мо густурда домон, Тоҷикистон, Тоҷикистон. Каъбаи дил нури имон. Албатта Тоҷикистон бо вилоятҳои Суғду, Бадахшону Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказаш алоқаи зич ва монанди занҷирае пайваст ҳастанд. Инчунин Тоҷикистонро миёни дигар қавму миллатҳо бо ин вилоятҳо яъне бо урфу одат ва фарҳангу тамаддунаш мешиносанду эътирофаш мекунанд. Пас ҳар яки моро мебояд ин дустию рафоқати хешро байни ҳамватанони худ дучанд намоем ва роҳ надиҳем ба маҳаллгарои ва инчунин фирефтаи дигар ақидаҳои нодуруст нагардем, ки оқибати нохуш ба бор меорад. Охир мо бо ҳам мисли як оила ҳастем бояд иттифоқ бошем ва ба ҳар гуна суханҳои ғалат бовар накунем ин дар он сурат роҳи ҳалли худро меёбад, ки мо бо ҳам дӯсту иттифоқ ва якдилу якмаром ҳастем. Дар ин сурат касе ҷуръати иғво андохтан байни қавму миллатҳои моро намукунад. Пас моро месазад, ки ба хотири ноором нагаштани кишва бо ақлу иродаи хеш кор намоем яъне ба ҳар гуна суханҳои дуруғ бовар накунем ва худ бо диди хеш нигоҳ кунем яъне аз зовияи худ назар ва баҳогузори намоем. Чунки мо аллакай дида истодаем, ки Пешвои муаззами миллат баҳри ҳар чи хубтар гаштани сатҳи зиндагӣ мардум ва амн будани кишвар чораҳои зарури меандешад, ки ба ҳамагон возеҳ аст. Моро месазад шукургузор аз ин кишвари тинҷу амну орому обод намоем ва кӯшиш намоем саҳми арзандаву созандаи худро дар меъмори давлати тозаҷавони Тоҷикистон гузорем то ин ки кишвари мо боз ҳам маҳбубтару шинохтатар миёни кишварҳои ҷаҳон гардад. Сокини н.Восеъ Ш.Тоирова
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-08-2022, 08:30:18 | Диданд: 231