МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ

ТЕРРОРИЗМ

Имрўз падидаи номатлуб терроризм ва экстремизм, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари зиёде эҷод карда истодааст ва метавонад на танҳо ба як миллату халқият, балки ба нестии аксари миллатҳову давлатҳо оварда расонад боиси ташвиши тамоми ҷомеаи ҷаҳони гардидааст.

Ин дарде, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз дучор гардидааст, ба тамоми халқҳои сайёраи замин таъсир расонида истодааст.

Ҳодисаҳои  нангине, ки дар даволатҳои абардқурдати ҷаҳон рухдода истодааст, боиси нигаронии мо ҷавонон гаштааст.

Дар ниқоби Ислом ин гурўҳҳо давалтҳои тинҷу оромро ба даҳшати ҷанг табдил дода истодаанд. Ин ҳамон гуруҳҳест, ки аз фарҳангу тамаддуни миллати хуб бехабаранд ва дониши казои надоранд.                     

         Миллатеро рафт чун оин зи даст,

         Мисли хок аъзои ў аз ҳам шикаст.

 

Ҷавононе, ки ба гуруҳҳои терористию экстремистӣ шомил шудаанду ба муқобили сохти конститутсионии кишварҳои арабӣ меҷанганд боиси доғдор намудани миллату кишвар дар арсаи байналмилали гардидааст. Онон хоҳони нооромӣ ва нотинҷии кишвар буда, дар ҳамин замина мехоҳанд соҳиби мансаб ва молу мулки беминат  гарданд.

Мусалмонӣ на дар зоҳир, яъне худнамоӣ, балки дар дилу нияти тоза, андешаи солим, виҷдони пок ва оғози амале, ки аз муҳаббат ва садоқат маншаъ мегирад, иборат аст, ба ибораи халқ забону дил бояд як бошанд. Тавре Иқболи Лоҳурӣ меорад:

           Худо он миллатеро сарварӣ дод,

           Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

           Ба он миллат сару коре надорад,

         Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Тавре аз маънии абёти боло бармеояд, тақдири миллат дар дасти худи ўст, ба бегонагон умед бастан ва хиддматгузорӣ дасти онон будан ғалати маҳз аст, ки бояд ҳар нафари дар андеша ва афъол ноустувор инро бахубӣ донад. Дар кишваре, ки ғоя ва арзишҳои асили миллӣ на танҳо тарғиб, балки дар фарорўи бархурдҳои манфиатҳои башарӣ дар сатҳи баланд дифоъ мегарданд, мардум дар ниҳояти соҳибмаърифатӣ маданияту фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои хешро гиромӣ медоранд, ҳеҷ гоҳ ба тақлиду тақлидкорӣ ё ташаккули андешаҳои ифротӣ роҳ нахоҳанд дод. Ободии кишвар ва осудагии ҷомеа аз сулҳудўстӣ, ёриву бародарист, на аз хурофотпарастиву таассуб. Ин падидаҳои номатлуб миллату давлатро  на ба инкишофи устувор, балки ба таназзулу инҳисор мувоҷеҳ мегардонад.

Шайх Саъдӣ мефармояд: 

                             Бани одам аъзои якдигаранд,

                              Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

                              Чу узве ба дард оварад рўзгор,

                            Дигар   узвҳоро намонад қарор.

Воқеан ҳам узве, ки ба дард меояд яъне дар давлате нобасомонию норомӣ рўх медиҳад боиси ташвиши дигар давлатҳо аст ва Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони аст, муборизаро барзиди ҳама даҳшатфиканиҳо пурзур менамояд. Мо ҷавонон дар ин самт муборизаи шадид бурда ҳамагӣ ин амалҳои номатлуб ва ё доғдоркунандаро маҳкум меҳисобем. Аз ин лиҳоз мо ҷавонон, насли истиқлолу сулҳу ваҳдат бо Пешвои худ ифтихор дорем, пайравони Пешгвои миллатем ва самимияту ватандўстии Роҳбарияти олии кишварро сармашнаи кори худ қарор додаем ва пайравӣ ба ақидаҳои созандаи Сарвари кишвар менамоем.

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-08-2022, 07:30:22 | Диданд: 187