МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳушёру зийрак бошему фирефтаи дурӯғҳои шахсони манфиатҷӯ нагардем

Ҳушёру зийрак бошему фирефтаи дурӯғҳои шахсони манфиатҷӯ нагардем

Ҳушёру зийрак бошему фирефтаи дурӯғҳои шахсони манфиатҷӯ нагардем ВОКУНИШ: Ҳамаи мо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазъи кунунии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон алалхусус, воқеаҳои шаҳри Хоруғ огоҳӣ дорем. Ин ваъиятро мушоҳида карда натавонистам бетарафиро пеша кунаму хомӯш бошам, баръакс хостам фикру мулоҳизаҳои хешро ба бародарони ВМКБ баён намоям. Мардуми Тоҷикистон аз хурд то бузург мардуми бофарҳангу қавиирода, сулҳхоҳу дӯстпарпар мебошанд. Аммо намедонам чаро мардуми бофарҳанги шаҳри Хоруғ ба дурӯғҳои якчанд нафар шахсон ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯ бовар карда, зиндагии осоиштаву рӯзгори осудаи хешро ноорому тира сохта истодаанд. Ба шумо мардуми сарбаланди Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат карда гуфтаниям, ки он шахсони дар боло зикр намудам, ҳеҷ гоҳ осоиштагӣ, оромӣ, пешравию шукуфоии моро намехоҳанд. Мақсади он нохалафон халалдор сохтани осудагии мо буда, аз байн бурдани дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмии сокинон мебошад. Бо ин васила ин бадбахтон мехоҳанд мардуми дӯсту бародари тоҷикро пароканда намуда, миёни эшон кинаву нафрат, бадбиниву ҳасадро ҷой намоянд. Пас ҳамаи моро зарур аст, ки яктану якҷон бошему дар партави сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳушёриву зийракии сиёсиро аз даст надода, баҳри сулҳу осоиштагӣ, якдиливу якдигарфаҳмӣ ва зиндагии шоистаи хеш сидқан талош намоем. Мирзоева Г., сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-08-2022, 06:34:16 | Диданд: 209