ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9277]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6086]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5790]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4953]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4274]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4254]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4237]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4226]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3889]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 61285
Истиқлолият дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон аст.

Истиқлолият дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон аст. Андеша: Нафаре, ки аз илми таърих бархурдор аст, дар ӯ ҳисси миллӣ бештар эҳсос карда мешавад. Зеро дар таърих маълум, аст ки аждодони мо баҳри ба даст овардани истиқлолият ва сарзамини ягона чи гунна талошҳоро ба иҷро расонидаанд. Таърихи давлаториҳои мо ба ҳар як хонанда таъсир мерасонад, зеро ба сарзамини аждодии мо аҷнабиён лашкаркашида хостанд, ки дар тули ҳазор сол нобуд созанд. Аммо ин миллат ин мардум баъди ҳазор сол сарзамини худро соҳиб шуда, боз бо ҳам омаданд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Тоҷикистон бо меҳнат ва содиқона заҳмат кашиданашон шӯҳрат дошта, аз худ дарак медоданд. Ҳатто дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри дифоъ аз фашизм фарзандони фарзонаи мо ҷонисорӣ карда, бо амалҳои қаҳрамонии худ тарси душманро бештар намуданд. Ин мардум дар ҳама давру замон аз худ дарак хоҳад дод. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ баъзан кӯрдилон намехостанд, ки мардуми Тоҷикистон соҳибдавлат бошад. Бо қаҳрамонӣ ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо фарзандони баору номӯс Истиқлолияти давлатии мо ҳифз гардида, то рафт устувор гардид. Имрӯз бо бо тамоми ҳастӣ қадамҳои устуврӣ худро барои рушду тараққӣ ниҳода, пайи ободкориву созандагием. Аз ҷониби дигар ҷавонону наврасон дар олимпиадаҳои фаниву мусобиқаҳои варзиши аз маҳорат ва малакаи худ дарак дода, боз дар арасаи ҷаҳон нуфузи кишвари азизи моро баланд карда истодаанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияту якдигарфаҳмӣ мо ба ҳадафҳои стратегии худ расидем. Вобаста ба ба эҳтиёт намудани озодиву истиқлол шоирону адибони мо бо осорҳои худ насли наврасро таъкид намудаанд. Мо ҳам дар матлаби худ таъкид менамоем, ки Истиқлолияти давлати барои мо неъмати бузургест ва ҳамеша онро бояд эҳтиёт кард. Имрӯз мо дар озодӣ ва шароити мусоид бароямон зисту зиндагонӣ мекунем. Ҳамчун шаҳрванд ӯҳдадорем, ки ин неъматҳои бузургро мисли амният, осудагӣ ва ваҳдат ҳамеша қадр карда, эмин нигоҳ дорем. Аз интернет мисраҳои шеъри Ҳаким Гӯёро дастрас кардам, ки овардааст: Зиндагӣ дар ватанам озодист, Нафаси дил ба танам озодист. Мезанад болу бувад болида, Маънии ҳар суханам озодист. Ғунча-ғунча-ст ҳама вораста, Бар-барги чаманам озодист. Гулфишонист ба фасли дили манн, Самари илму фанам озодист. Дар Ватан пойгаҳи аҷдодо Гӯй,Гӯё, саханам озодист. Мирзоев Сафаралӣ-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-08-2022, 13:34:37 | Диданд: 188