МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати миллӣ Сулҳу ваҳдат ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздику дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо медиҳанду бевосита шунавандаро ба фикр водор месозад, яъне мафҳуми сулҳ чист, Ваҳдат чист. Сулҳ- оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва талабгори осоиштагӣ буда, ватандӯст будани ҳар як фардро инъикосгар аст.Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, иттифоқ будан, дӯсту бародар будани халқҳои дунё, амну оромӣ дар саросари кишварҳо мебошад. Албатта, ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз ваҳдату ягонагии мо, самимӣ будани мо нисбат ба Ватан ва Роҳбари воломақом гувоҳӣ медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш чунин қайд карданд: “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад”. Дар воқеъ, ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонад ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад. Ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар бояд ин неъмати илоҳиро қадр намояд, дӯст дорад ва эҳтиром намояд, зеро бо доштани ин ганҷи Қорун миллату сарзамини мо ҳамешабаҳор мемонад.Моро мебоист Сулҳу ваҳдатро дар шуур ва қалби нслҳои оянда бо як меҳру муҳаббат парвариш намоед, то ин ки онҳо низ саҳми арзандаи хешро содиқона дар рушду нумуи кишвари маҳбубамон гузорад. Сокини ноҳияи Восеъ Марҷонаи Ҷурахон

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-08-2022, 14:27:48 | Диданд: 213