Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3935]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 53682
ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Ҳамасола дар таърихи 27-уми июн рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад ва ин ҷашни фархунда дар ин ё он шаҳру ноҳияи ватани азизамон ҳамчун ҷашни умумӣ барои мардум муаррифӣ мегардад. Имсол бошад ҷашни мазкур дар шаҳри Конибодом баргузор шуда, тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва дигар васоити ахбори умум пешниҳоди шаҳрвандони кишвар гардид. 21 сол қабл санаи 27-уми июни соли 1997 бо имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳалаи нав оғоз гардид. Мардуми кишвар медонанд, ки барои ба даст овардани ин созишнома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз худ фидокорӣ нишон дода, ҳатто ҷон ба каф гирифта барои барқарор намудани сулҳу субот ва амният дар кишвар ба давлати ҳамсоя, ки ноором буд ва ҳеҷ кас амнияти онро кафолат дода наметавонист, сафар карданд ва ниҳоятан ин сулҳи деринтизорро ба мардум армуғон овард. Дар муддати хеле кам барқарор намудани сулҳу субот дар байни яроқбадастоне, ки ба касе итоат намекарданд ва ба қавли масали мардумӣ «худам шоҳу табъам вазир» шиорашон буд, кори осон набуд. Хулоса бо кӯшишу талошҳои ин марди наҷиб сулҳ барқарор шуд ва мардум ба ҳаёти осоишта баргаштанд, гурезагони иҷборӣ ба ватан оварда шуданд, ҳар гурезае, ки қадам ба сарзамини бобоии худ мегузошт, аввалин коре, ки анҷом медод, бо дидаи гирён ва дасти ларзон замини ватанашро мебӯсид ва шукрона аз садоқати Пешвои миллат мекард, зеро Пешвои миллат дар рӯзҳои аввали фаъолияташ ба кулли мардуми тоҷик ваъда дода буд, ки «то як тоҷик дар ғурбат аст, ман худро осуда ҳис намекунам».
Ниҳоятан созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ҷаноби Олӣ зимни баромади худ дар шаҳри Конибодом таъкид намуданд, ки «мо ҳеҷ вақт бо Ҳизби Наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем, ин нуктаи муҳимро тамоми мардум донанд». Ҳамин баромади Ҷаноби Олиро баъзе ашхоси ғаразнок ба таъвилу тафсил дароварда, мехоҳанд, ки боз дар мағзу андешаи мардум шакку тардид эҷод кунанд. Дуруст аст, ки созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати феълии кишвар ва ИНОТ буд ва ин ҷо ҲНИТ аслан нақше надорад.
Маълум аст, ки ҲНИТ ҳаргиз аз ба тасвиб расидани созишнома манфиатдор набуд, зеро роҳбарону пайравони он кинаву адовати худро пинҳон доштанд ва манофееро, ки ба воситаи сӯхтору куштору хунрезӣ ба даст оварда буданд, розӣ набуданд, ки аз даст диҳанд. Таърихи замони соҳибистиқлолии кишвар собит намуд, ки ҲНИТ ҳизби хиёнаткор аст, ки дар он ягон хусусияти исломӣ дида намешавад. Худи намояндагони раёсати олии ин ҳизб борҳо тавассути ВАО ба мардуми кишвар мӯ ба мӯ ҳастии худ ва ҳадафи ҳизби террористии худро ошкор карда буданд.
Дар ҷомеа дар шароити феълӣ хурду калон, пиру ҷавон кӣ ва чӣ будани ин ҳизби хиёнаткорро дониста ва шинохтаанд ва нафраташонро нисбати он ошкор эълон кардаанд. Аҳли ҷомеа, ба хусус ашхосе, ки соҳибтаҷриба ҳастанд ва рӯзҳои талхро чашидаанд, вазифаи инсонии онҳост, ки аз сулҳу субот ҷонибдорӣ карда, ба ҷавонон неъмати сулҳу субот ва зарари кинаву кудуратро фаҳмонанд, ҳамагон дуо кунанд, ки ин тинҷию оромӣ, пешрафту тараққиёт ва ободии кишвар доимӣ бошад, аз Худованди Маннон талаб кунанд, ки ин сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллиро устувор ва маҳкам поянда дорад ва аз шарри бадхоҳон ва фитнаангезону тафриқагарон, мазҳабфурӯшону душманон кишвари азизамонро нигоҳ дорад.
Ҷамолиддин Хомӯшов,
сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ
Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/931
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-07-2018, 16:50:39 | Диданд: 795