МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ.

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ.

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ. Ҷашни 31 – солагии истиқлолият, ки мо дар остонаи он қарор дорем, аз муҳимтарин санаҳои таърихӣ дар таърихи давлатдории навини мо тоҷикон маҳсуб меёбад. Истиқлолият барои мардуми мо рамзи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва хушбахтию саодатмандӣ мебошад. Метавон гуфт,ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ барои рушду тараққии ҳамаи соҳаҳои кишвар хусусияти калидӣ дорад. Лоиқи таъкид ва гуфтор аст, ки дар даврони Истиқлолият соҳаи маориф нисбат ба дигар соҳаҳои кишвар бештар у хубтар рушд намуд. Ҳанӯз солҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба тамом хомӯш нашуда буд, Пешвои муаззами миллат соҳаи маорифро як соҳаи арзишманду афзалиятноки ҷомеа арзёбӣ намуда гуфта буд: «Ман маорифро дар сиёсати худ дар мадди аввал мегузорам» . Воқеан ҳам ин суханон дар тӯли 31 сол зери сиёсати маорифпарваронаи ин фарзона фарзанди миллат як бар сад иҷро шуд. Маорифи мо дар тӯли ин солҳо нисбат ба 70 соли Хукумати Шӯровӣ пеш рафт, рушд намуд, ки мо мисоли ин гуфтаро дар ноҳияамон бараъло эҳсос мекунем. Ҳоло дар ноҳия 74 муассисаи таълимӣ 1 хона- интернат, 1 интернати хонандагони лаёқатманд, 1лтисе бо фарогирии 53392 нафар хонанда фаъолият мекунанд. Барои амалишавии «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ» дар қаламрави ноҳия 9 боғчаи бачагона ва 1 боғчаи хусусии « Оиша»амал менамояд. Инчунин дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимӣ Марказҳои инкишофи кӯдак амал мекунанд, ки бо аёниятҳои лозимӣ ва синфхонаҳои ба талабот ҷавобгӯ фароҳам оварда шудааст. Ҳукумати иҷроияи ноҳия ва шуъбаи маориф ба мақсади ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф доимо нақша – чорабиниҳо тартиб дода дар асоси гуфтаҳои Сарвари давлат соҳибкорони ноҳияро ба соҳаи маориф ҷалб менамояд. Ҳар сол бо мададу дастгирии онҳо биноҳои муассисаҳо аз таъмир мебароянду синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад. Дар зарфи чанд соли охир бо дастгирии бевоситаи соҳибкорони ноҳия дар назди муассисаҳои № 52,32,24,23,16,27,65,70 чунин синфхонаҳо бо тарҳи зебо ва ҳозиразамон сохта шудааст, ки дар он хонандагон таҳсил доранд. Қайд бояд кард, ки соҳибкорони мо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Маҳз кӯмаку дастгирии бевоситаи онҳо барномаи компютеркунонӣ пурра иҷро гадид. Дар зарфи 29 соли Истиқлолият,ки чанд соли он ба ҷанги шаҳвандиву печидагиҳои сиёсӣ рост меомад, дар ноҳияи мо 41 бинои хуштарҳи ҳозиразамон бо тамоми шароитҳояш сохта ба истифода дода шуд ва чандин биноҳои дигар аз таъмири капиталӣ баромад. Агар то солҳои 2005 – 2007 хонандагони ноҳияи мо аз нарасидани мизу курсӣ ва дигар ашёҳои лозима танқисӣ мекашиданд. Шукр, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ин мушкилот ҳалли худро ёфт. Чун ҳамаи шартҳои моддиву маънавӣ ва иқтисодӣ бо ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маорифчиён муҳайё гашт, ҷавонон ба ин ғамхориҳо аҳли маорифчиёни ноҳияи мо низ чун дигар ҳамкоронашон сифати кори таълиму тарбияро дар асоси талаботи педагогикаи муосир ба роҳ монданд, сифати таҳсилот беҳ шуд. Натиҷа ҳамин аст, ки хонандагони мо дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натанҳо иштирок мекунанд, балки бо нишондодҳои хуб ва гирифтани медалу ифтихорномаҳо аз ин озмунҳо бармегарданд. Шуъбаи маорифи ноҳия дар заминаи дастуру фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти кӯдакони болаёқат ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои махсус чораҳои судманде меандешанд. Алҳол дар ноҳия як Литсе амал мекунад, ки хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаи мазкур сифати таҳсил ва илмомӯзӣ барои хонандагон хуб ба роҳ монда шудааст. Дар солҳои Истиқлолият таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияи ҳозиразамон компютер ба пуррагӣ ҳалли худро ёфтааст. Ҳамаи 73 муассисаи таълимӣ дорои кабинетҳои махсуси компютерӣ ва принтерҳо мебошанд. Бо тахтаҳои электронӣ таъмин намудани муассиса идома дорад. Алҳол дар ноҳия ба 20- нафар хонанда 1 компютер рост меояд. То соли нав дар назар аст, ки ин рақам тағйир меёбад. Дар солҳои охир баҳри ҳарчи бештар бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳо ба илмомӯзӣ бо ибтикори шуъбаи маориф миёни муассисаҳо озмунҳои «Хати зебо», «Ҳисобдони беҳтарин», «Математики ҷавон», «Ихтирокири беҳтарин», «Хонандаи сол» гузаронида мешавад, ки натиҷаи қаноатбахшкунанда аст. Ҳамин тавр, Истиқлолияти миллӣ омили асосии ҳама пешравиҳо кори мо маорифчиёни кишвар мебошад. Рустам Солеҳов Иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-09-2022, 12:58:38 | Диданд: 262