МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ.

ЗАБОН  ВА  ИСТИҚЛОЛИЯТ.

ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки ҳар чи бештар ба арзишҳои миллии худ рӯ биёрем ва онҳоро чун як рукни эҷодии ниёгонамон ба ҷаҳониён муарифи намоем. Омӯхтан ва ба насли ҷавон пешкаш намудани арзишҳои миллӣ боиси болоравии ҳуввияти миллии насли ҷавон мегардад. Ҳамин афкори баландпоя аст, ки донишмандони мо дар ин даврони барои миллати тоҷик шукуфону пурфайз ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳое рӯ биёранд, ки дар замони шуравӣ ба пояи фаромӯшӣ монда буд. Мо насли калонсол хуб дар ёд дорем, ки доираи забони мо дар қаламрави кишвар хеле маҳдуд буд, он имкони рисолати хешро миёни қавмаш аз даст дода аз пояи забони давлати фаромада буд. Истиқлолият, ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ, болоравии хештаншиносию худогоҳии мо бори дигар ба ин мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддун имкон дод, ки гузаштаи хешро ба таҳқиқу пажуҳиш гирад. Яке аз донишманде, ки дар ин боб хеле бо ҳавсала заҳмат мекашад доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов мебошад. Ин муаллифи пажуҳишгару пухтакор ҳамеша масъалаеро ба таҳқиқу пажуҳиш қарор медиҳад, ки воқеияту ҳақиқати таърихи то ба имрӯз ба хонанда возеҳу равшан нест. Чанде пеш навиштаи эшон ба унвони «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат» дастрасам шуд. Ба рости ин навиштаро дар рӯзномаи «Ҷумхурият» хонда будам писандам гашта буд ва боз сари мизи мутолиа нишастам. Муаллиф ба навиштаҳои Пешвои муаззами миллат такя намуда, оиди давраҳои таърихии рушду такомули забон андешаҳои бисёр меронад: «Майдони набарди забонҳо майдони сиёсӣ аст. Дар ин набард, маъмулан забони гурўҳҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ синфҳо ва ҳизбҳое, ки аз ҳокимияти сиёси бархурдоранд пирӯз мегарданд». Бале воқеан ҳам дар ин майдони сиёсатбозиҳо ҳамеша забони мо дастболо буд ва ҳамин қудрату тавонмандии забонамон буд, ки мо зарбаҳои муҳиму қатоли Искандару араб Темуру дигар қавмҳои турктаборро паси сар намуда эҳё шудему эҳё. Муаллиф дар навиштори худ оид ба қудрату тавоноии забони тоҷикӣ дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи забони мо сухан ронда хизматҳои фарзона фарзандони миллат, Исмоили Сомонӣ, Баъламию, Фаробӣ, Рӯдакию, Фирдавсӣ, Н.Хисраву Закариёи Розиро қайд карда мегузаранд. Барои тақвиятбахшии гуфтораш аз лиҳози илмӣ боз иқтибосе аз суханони сарвари давлат меорад, ки моҳияти илмии навиштарро қувват медиҳад. «Тоҷикон дар миёни халқияту миллатҳои саршумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамадуне мебошад, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштанд». Донишманди дақиқназар дар тамоми раванди навиштораш кӯшиш ба харҷ додаст, ки заҳмату ҷонбозиҳҳои соҳибзабононро қайд намуда гузарад, то хонандаи хушзавқ огоҳи дошта бошад, ки гузаштагони мо барои ин миллату ин забон чи ҷонбозиҳое карданд: «Муборизаи устод С.Айнӣ дар масъалаи воқеияти таърихи доштани миллати тоҷик аввалин набарди муваффақонаи забоншиносии тоҷик дар давраи нави таърих буд», гуфта аз хизматҳои устод С.Айнӣ ёдовари мекунад. Ин хизматҳои ӯро ҷасорат мардонагӣ, руинтанӣ ва сарсупурдагӣ дар шинохту устувории миллат медонад. Пасон оиди ҳамин паҳлуи масъала дар даврони истиқлолият истода аз хизматҳои бепоёни Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар боби пуштибонии забон ёдовар мешавад: «Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат маданият, фарҳангу адабиёти миллати тоҷик маъруф гашта бошад, Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармарди таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ,парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ–таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг фидокориҳои бемисл нишон дод». Дар ин ҷумлаҳои боло ҳақ бар ҷониби муаллиф аст, ки воқеъбинонаю холисона ба хизматҳои як фарзанди миллат баҳогузор мекунад. Донишманди тоҷик С.С.Ятимов хешигарии забони моро бо дигар забонҳои олам аз қабили англисию русӣ дар асоси таълимоти Пешвои миллат, қиёс менамояд ва бисёр вожоҳоро меорад, ки баромади решагии онҳоро як мебошад ва менависад». Калимаҳое, ки дар шеваҳои забони тоҷикӣ фаъоланд, бо тағйири андаке фонетикӣ ва тобишҳои семасиологӣ дар забони англисӣ бо ҳамон маъно, ё мафҳуми кӯчидае истифода мешавад». Аз навиштаи эшон он нуқта маълум аст,ки таи солҳои истиқлолият, зери сиёсати маорифарваронаи Пешвои муаззами миллат забони тоҷикӣ чун як забони давлати мустақил рушд намуда, мавқеи хешро устувор намудааст. Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Солиҳов Рустам.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-09-2022, 08:34:48 | Диданд: 246