ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9275]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6086]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5790]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4953]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4274]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4254]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4237]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4226]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3889]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61269
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат

Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат Андеша:Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон давоми 31-соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост. Ин неъмати бебаҳо баробари ба даст овардан ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ, осоиштагиву абадият, меҳру вафо ва садоқат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Бо вуҷуди овардани муҳити мусоид барои ҳалли масъалаҳои дохилии кишвар самти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, ҳимоя ва таъмини манфиатҳои олии давлат ва миллатамон дар арсаи байналхалқӣ дар маркази ин сиёсат буд, ҳаст ва мемонад. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муқаддасоти миллӣ, таъриху маданият ва арзишҳои миллат муносибати навро тақозо мекунад. Тарбияву саводноккунонии ҳар шаҳрванди шоистаи Ватан мақсади асосии соҳаи маориф буда, тавассути ташаккули ҳисси ватандустӣ, эҳтироми муқаддасот ва омӯзиши таърихи қадими халқ, истифодаи самараноки комёбиҳои илми муосир ба даст меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият бидуни душвориҳо ва ноҳамвориҳои роҳи тараққиёт дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем. Албатта, беҳуда нест, ки ин қишри ҷомеаро чун ояндагони миллат ва сутуни нигаҳдорандаи арзишҳои давлати миллӣ этироф намудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти мо – ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлат, ояндасози имрӯзу фардои ватананд. Ситамова Роҳила, мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-10-2022, 10:32:42 | Диданд: 216