МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Қадами файзбори Пешвои миллатро сокинони шаҳри Кӯлоб интизоранд

Қадами файзбори Пешвои миллатро сокинони шаҳри Кӯлоб интизоранд

Қадами файзбори Пешвои миллатро сокинони шаҳри Кӯлоб интизоранд Ҳар як гӯшаи ватани азизамон зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо мегардад. Сокинони кишвар мунтазиранд, ки ба диёри онҳо Пешвои миллат сафари корӣ анҷом диҳад. Зеро шурӯъ аз роҳу роҳравҳо то биною иншоотҳо рангу бор ва таъмир гардида, ба мулки обод табдил меёбад. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар партави сиёсати созандаи Сарвари мамлакат ҷиҳати иҷрои корҳои ободонӣ ҳиссаи худро гузошта, садоқатмандии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд. 23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд. Нахуст Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлобро ифтитоҳ намуданд. Сипас дар доираи сафари кории хеш бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба орифону фарзандони баруманди халқи тоҷик дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми мамлакат, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд. Зимни сафари расми бинои бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсиониро баъди таъмиру, Муассисаи нави хусусии таълимӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар заминаи бинои алоқаи шаҳри Кӯлоб, бинои баландошёнаи истиқомати, Маҷмааи “Дуои Модар”, марҳилаи аввали Фабрикаи парандапарварии мурғи гӯштии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сувайба-2014” ифтитоҳ намуданд. Сипас бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуданд. Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат собиқадоронро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд. Аз ин сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб хурсанд шуда, барои онҳо шароитҳои мусоид барои кору хизматрасонӣ, таҳсилот муҳайё карда шуд. Онҳо ҳамеша қадамҳои файзбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро медонанду бо рамзи садоқат ба хизматҳо ӯ садоқатмандона кору фаъолият менамоянд. Мирзоева Гулрухсор –аъзои ҲХДТ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-10-2022, 14:51:26 | Диданд: 217