ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9273]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6085]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5790]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4952]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4273]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4253]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4236]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4225]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61258
Дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу ташкилотҳои экстремистиву террористи бо истифода аз дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, воситаи ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабарҳои бардурӯғ ба ҷалб намудани аъзои нав ба сафи худ машғуланд.

Дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу ташкилотҳои экстремистиву террористи бо истифода аз дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, воситаи ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабарҳои бардурӯғ ба ҷалб намудани аъзои нав ба сафи худ машғуланд. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар љањон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо - ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошанд. Ҷаҳони муосир дар панҷаи абарқудратҳо, ки кӯраи оташинро мемонад ба задухурдҳои иттилоотӣ тавассути шабакаҳои иттилоотӣ мекӯшад ва рӯз то рӯз шадидтар гардида истодааст. Имрӯз, ки башарият бо таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ рӯ ба рӯ шудааст, Тоҷикистони мо низ, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист аз ин хатарҳо эмин нест. Зеро душманони миллат, аз ҷумла саркардаҳои ТЭТ ҲНИ, ки фаъолияти он дар ҳудуди кишвар мамнуъ эълон шудааст, дар хориҷи мамлакат дар кишварҳои Аврупоӣ маскан гирифта, тариқи шабакаҳои иттилоотӣ бо дурӯғи бӯхтон санг мезананд. Бо ин амалашон мехоҳанд фазои амну суботи ҷомеаи тоҷикро халалдор созанд. Дар сайтҳои гуногуни иҷтимоӣ гурўҳу ҳаракатҳои манфиатҷу ба хотири пиёда намудани идеяҳои худ, ҳар гунна маълумотҳои беасос ва бардурӯғи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Аксарияти гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, махсусан ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи «Гурӯҳи 24» ва «Давлати исломӣ» зиёд намудани пайравони худро маҳз таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ бо усули шўстани мағз ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори кишварҳои рӯ ба тарақӣ дохил шудааст. Ҳамин оромию озодии кишвар як бойгарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзии Пешвои Тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Мо ҷавонон, набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем ва фирефтаи ҳаргуна созмонҳо шавем, ояндаи давлату миллат аз мо вобастагии қавӣ дорад. Мақсаду мароми мо бозҳам густариш додани сарҷамъӣ, тифоқӣ, хушбахтӣ, хандаи тифлон, сархушии ҳамагон мебошад. Сокини ноҳияи Восеъ: Ализода Ё.С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-11-2022, 09:44:49 | Диданд: 212