ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9273]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6085]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5789]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4952]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4273]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4253]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4236]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4225]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 61251
Ворух пораи аз қалби миллати тоҷик

Доираҳои манфиатҷўи қирғиз бо ҳимоят аз сарҳадбононашон ҳамеша дар фикри нооромсозии вазъи сарҳади давлатӣ мебошанд гуфтаниам,ки боре ҳам андеша намекунанд, ки заминҳои таърихии халқи тоҷик ба хотири ҳамсоядории осоишта ва зиндагии якҷояи орому осӯда дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ ба онҳо ҳамчун иҷора дода шуда буд. Ва маънои иҷора ин мувақатан вобаста намудани замин ҳасту соҳибмулк метавонад дар дилхоҳ вақт шартномаи басташударо бекор кунад. Мутаассифона, доираҳои манфиатҷӯи қирғиз бо дастгирӣ аз элитаи сиёсии шурандозу бадгуҳари худ ҳамеша дар фикри нооромсозии вазъ дар минтақаҳои марзӣ мебошанд ва онҳо ҳељ гоҳ роҳи мусолиҳа ва шартномаҳои қаблан басташудаи комиссияи байнидавлатиро эътироф намекунанд. Ва, бадбахтона сари ҳар вақт бо амалҳои иғвогарона вазъро ноором сохта, тамоми аъмоли нооромсозии вазъро дар сарҳад ба души мардуми марзии Тоҷикистон бор мекунанд. Ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври воқеӣ маълум аст, ки тирпаронӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯи қирғиз оғоз гардидааст, вале ҳамчун ҷанги иттилоотӣ ҳар бор ҳукуматдорони қирғиз ин иттиҳомоти воқеиро рад мекунанд. Ин амали ѓосибона бори дигар исбот мекунад, ки дар бисёр маврид ҳукуматдорони қирғиз аз баёни ҳолати воқеии мушкилоти сарҳад чашм пӯшида, аҳволи вазъи сарҳадиро ба зиммаи олами ҷиноёт ва гурӯҳҳои манфиатҷӯй мегузоранд, ки боиси нооромию хархаша ва мураккабшавии муносибат дар хати марз ва дар маҷмӯъ миёни давлатҳо мегардад. Метавон ёдрас шуд, ки мардуми тољик аз азал мардуми меҳмондӯсту ҳамсоядӯст ва таҳаммулпазир аст ва афроди ҷиноятпешаи қирғиз ба хуби эҳсос мекунанд, ки ҷаҳолату якравии онҳо шояд барои ба мақсад расидан мусоидат кунад. Вале таҳаммулу ҳусни ҳамлаворӣ ҳадду ҳудуд дорад ва баъди чунин амалҳои яктарафаю манфиатхоҳонаи давлати ҳамсоя дигар роҳи гузашту ҳамдилӣ роҳи ҳалли масъала нахоҳад буд. Мардуми тоҷик, бахусус ҷавонони ғаюри Ватан барои њимояи марзу бум ва замини бобоӣ ҳамеша омодаанд. Имрӯз баъди мушкилоти солҳои марзӣ тамоми мардуми Тоҷикистон ба хубӣ аз фаъолияти доираҳои манфиатҷӯи қирғиз огоҳанд ва заминҳои бобоиро бо арзиши ҷон муҳофизат хоҳанд кард. Ҷавонмардони Тоҷикистон ба пеш. Ф. Неъматзода- мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-11-2022, 16:30:38 | Диданд: 211