ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10503]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6359]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6171]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5246]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4598]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4523]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4519]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4516]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4137]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
3. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
5. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
6. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
7. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
8. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
9. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2439
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 74154
Бадахшон боми ҷаҳон
Бадахшон боми ҷаҳон Бесарусомониҳое, ки дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон шуда гузаштанд, ягон тоҷики дохилу бурунмарзиро бетавофут гузошта наметавонад. Қайд бояд намуд, ки чанд гурӯҳи ҷиноӣ аз номи тамоми сокинон Вилоят сухан гуфта, ба ин васила хостанд манфиатҳои нопоки худро амалӣ кунанд. Бояд гуфт, ки дар ҳар гӯшаву канори дунё, ба хусус кишвари мо низ ҳастанд якчанд одамоне, ки бо кӯрдилӣ ва бешарафии худ мехоҳанд ба мили худ ноҷавонмардони беномусро дар ноором сохтани вазъи ҷомеа ба шӯур оварда, вазъиятро нотинҷ гардонда ва аз ин амали нангинашон лаззат баранд. Ҷвонон бояд ҳаминро донанд, ки барои амалӣ сохтани мақсаду мароми нек албатта тинҷиву оромии давлату миллат нақши калидӣ дорад. Фаромуш набояд кард, ки ба воситаи ҷангу ҷидол ва иғвоангезиву бесарусомонӣ давлат пешрафт намекунад. Инро дар мисоли ҳамсоядавлати мо бармало дидан мумкин аст. Имруӯзҳо гурӯҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки берун аз давлат бо пуштибонии хоҷагони хориҷии худ фаълият мекунанд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша барои барангехтани кинаву адовати миллию нажодӣ миёни мардум нақша мекашанд. Ва оҳиста-оҳиста ҷавонони гумроҳро ба худ моил карда, онҳоро ба ивази маоши ночиз ба ҳар амал чалб месозанд. Ин гурӯӯҳои муташакили чиноятӣ дар ин минтақа ба рӯй ниқоби роҳбарӣ кашида, тӯли 30 сол баъзе аз ҷавононро дар рӯҳияи кинаву адовати миллӣ нажодӣ, маҳалгароӣ, нафрат нисбати давлат ва миллат тарбия карданд. Мо мардуми Тоҷикистон моҳияти ин равандҳои мураккабро бояд дарк кунем ва дар чунин марҳилаи муҳимми сарнавиштсози давлату миллат бо ғафлату эҳсосот дода нашавем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Бояд ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат бошем ва дар ҳар иқдоми давлатсозии ӯ саҳмгузор бошем, то ки дар амнияти кишвар нақи созгори шаҳрвандии худро гузорем. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Ализода Ё.С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-11-2022, 16:37:25 | Диданд: 254