МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГАРАВИДАН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ИН ПЕШ АЗ ҲАМА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ОНҲО МЕБОШАД.

ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГАРАВИДАН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ИН ПЕШ АЗ ҲАМА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ОНҲО МЕБОШАД.

ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГАРАВИДАН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ИН ПЕШ АЗ ҲАМА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ОНҲО МЕБОШАД. Солҳои охир мураккаб гардидани вазъи ногувор дар баъзе аз мамлакатҳои ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки амалҳои террористию экстремистӣ ба яке аз хатарҳои аввалиндараҷаи аз байн бурдани ҳаёти ин ё он мардуми минтақаи сайёра табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти номатлуб бештар дар мамлакатҳои исломи чашм мерасад. Ҳар лаҳзаи фаъолияти пасипардагию ифротии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ хатареро ба ҳар як марди сулҳдӯсту ватанпараст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоварад. Роҳандозии амалиётҳои террористӣ– экстремистӣ, ки ин хиёнаткорони зархарид чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ ба амал оварданд, ки хеле хатарнок буд, вале хушёриву зиракӣ ва кордонию маҳорати баланди касби кормандони мақомотҳои қудратии кишварамон нагузоштанд, ки ин тахрибкорои ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Баҳри аз байн бурдани ифротгарӣ мо ҷомеаи шарвандиро зарур ва муҳим аст, ки аз аёми хӯрдсоли наврасону ҷавононро аввалин дараҷа ба ватандӯсти, хизмат ба халқу миллат дӯст доштани Ватан ҳидоят намоем, зеро, ки яке аз қувваи бузург ба зидди ифротгарои ин ватандӯсти мебошад Имрӯзҳо роҳбари собиқ ташкилоти террористии наҳзат ва дигар пайравони гумроҳгашта дар мамлакатҳои хориҷа паноҳ бурда, тариқи шабакахои интернетӣ баромад намуда, аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хеш натиҷагирӣ кардаву сухан мегуянд. Аммо мо боварии комил дорем, ки ҳар як сокини Тоҷикистон, махсусан ҷавонони баору бананг аз гузаштани пурифтихори миллати ободгару созандаи худ сабақи мардонагӣ гирифтаанд ва ба ҳама он « гуфтаю баромадҳо» - и иғвоангезонаи хоинону ватанфурӯшон фирефта намешаванд. Ф.Неъматзода-мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-12-2022, 14:58:05 | Диданд: 193