ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9273]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6085]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5789]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4952]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4273]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4253]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4236]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4225]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 6
- Хамаги омаданд: 61234
АҚЛ ҲАМ ЧИЗИ ШАРИФ АСТ БА ҲАР КАС НАРАСАД!

АҚЛ ҲАМ ЧИЗИ ШАРИФ АСТ БА ҲАР КАС НАРАСАД! Вокуниш: Ҳоло бо такя ба ин мисраҳо: “Пари товус азиз аст ба каргас нарасад, Ақл ҳам чизи шариф аст ба ҳар кас нарасад” беҳтар дарк мекунам, ки ақлу хирад неъматҳои Худодие,ки ба ҳар кас ато нагардидааст. Бар илова номусу ҶАВОНМАРДӢ ҳам дороиҳои махсусе, ки на ҳар кас аз уҳдаи ҳифзи он мебарояд. Ошкоро Муҳамадиқболу Кабирию Ашуров ва тамоми пайравону ҷонибдорони онҳоро аз ҷумлаи чунин шахсони фурухташудае медонам, ки натавонистаанд номусу ор ва ҷавонмардии худро давомнок нигаҳ доранд. Аслан фикр намекунам, ки худи Кабирӣ ва муҳаммадиқбол ҳатто як замоне, дар як муддати кутоҳе ҳам бошад соҳибору баномус будаанд, вале баъзан ба ҷавонони сабукфикре, ки як замоне даст бар сина зада аз номус садо баланд мекарданд воқеан ҳайфам меояд. Ин қадар зуд андешаҳои худро аз даст доданду вобастаи мафкураи як нокасе шудаву имруз бар зидди миллати худ носазоигуӣ доранд. Аслан чунин шахсон мафҳуми озодиро кайҳо боз гум кардаву дар қолаби афкори роҳбарони хайрнохоҳи худ амал мекунанд. Аламовараш он, ки ин нотавонбинони сияҳдил зери ниқоби ислом истода, шахсони Ватандусту меҳнатқаринро зиёд бад мебинанд ҳар амали онҳоро таҳлил карда ба танқид мебаранд ва ҳарчӣ носазо медонанд ба Ватандустон мегуянд ва нафрин мекунанд. Охир Ватандустӣ аз гушаи имондорӣ нест магар?! Баъдан Шумоҳои номуҳтарам ба кадом ҳақ одамонро новобаста аз мевқеияташон ҳукм мекунед?! Магар барои ҳукм баровардан худо кофӣ нест барои Шумо? Намедонам шояд чунинҳо дар ягон дини махсусе ҳастанд,ки дар он Ватандустию ободкорӣ мамнуъ аст, ки ҳамеша бар зидди мақомдорон ва ҷонибдорони сулҳу осоиштагӣ шуридаанд. Дар радифи ин гуфтаҳо ба тамоми ҳамсолони азизам, ҷавонони дилсафеду некбин ва ояндадори Ватан ру оварда таъкид месозам, ки ҳаргиз додаи гуфтаҳои ин заифбинон, беҷруъатони бадхоҳ нашавед. То имруз ҳеҷ касе аз пайвастагони онҳо соҳиби обруву шарафе нагардидааст, баръакс соҳиби унвонҳои хеле пасти “Хоин” ва “бешараф” гардидаанд. Ҳамеша содоқат баракат ва мартабаи беҳтарин аст!” Моҳинави Қурбонмад-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-12-2022, 15:21:07 | Диданд: 298