ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9273]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6085]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5789]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4952]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4273]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4253]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4236]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4225]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61229
ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ

ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ Имрӯз яке аз мушкилотҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок мубориза мебарад. Диққати ҳаматарафа ба ин масъалаи мубрам аз он бармеояд, ки дар тамоми олам, махсусан дар мамолики Шарқи Наздик гурӯҳҳои террорист бо номи “Давлати исломӣ”, “Толибон”, “Ҷабҳат –ун – нусра”, “Ихвон –ул –муслимин” ва ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат ва фирории садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонем давлатҳои Либия, Яман, Сурия, Ироқ ва дигарҳоро мисол оварем. Ин давлатҳо дар муддати кӯтоҳ ба кишварҳои ҷангзадаю қафомонда табдил ёфтанд. Ин ҳолат дар Тоҷикистон низ дар солҳои 90 –уми асри гузашта рух дод, ки яке аз сабабгорон ташкилоти террористию экттремистии ҳизби наҳзат мебошад. Аз ибтидои фаъолияташ ҲНИ бо ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ, барои халалдор намудани оромии кишвар кӯшиш менамуд. Асосан мақсади муборизаи мусаллаҳонаи ҲНИ барои ишғоли мансаб, соҳиб шудан ба қудрат, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани аҳолӣ, таҳаммулнопазирӣ ба нерӯҳои дигари сиёсӣ, машғул шудан ба амалҳои гаравгонгирӣ ва террор аз моҳияти ғайридемократии он дарак медод. Сарварони ин ҳизб бояд эътирофу иқрор шаванд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои ҲНИ дар солҳои 90 –уми асри гузашта буд. Новобаста аз ин то ҳатто собиқ аъзоёни ҲНИ ва хешовандони М.Кабирӣ дар филми ҳуҷҷтӣ бо номи “Хиёнат” иқрору тасдиқ карда. Сарварони ҲНИ хоса Кабириро барои содир намудани амалҳои террористӣ гунаҳгори асосӣ мешуморанд. Наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони онҳо мақсадҳои сиёҳе доранд ва ҳоло ҳам аз роҳи террору душманӣ барнагаштаанд ва алҳол пусти худро иваз намуда, бо номи “Паймони миллӣ” дар Аврупо фаъолият дорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо мардуми шарифи кишварамон амиқтар дарк карданд, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд гуруҳҳои ифротгаро мебошад. Дар сари ҳамин гуна гуруҳҳои ифротгаро шахсияти хиёнаткори миллат Муҳиддин Кабирӣ буда алҳол кӯшиш дорад, ки ҷавонони гумроҳро ба сӯи ҷангу хунрезӣ хонад. Гурӯҳҳои ифротгаро ба монанди салафия, ваҳобия ва ҲНИ, “Гурӯҳи -24” ва ғаёраҳо мехоҳанд, ки дар кишвари мо ҷанги дубора авҷ гирад ва намояндагонаш ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Хулоса ба гурӯҳҳои ифротии дар боло зикршуда, таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик тоҷик аст! Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих дароманад. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ноил гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ изҳор карданд, ки террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунад ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд,ки яке аз инҳо Ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки бо мақсадҳои ғаразноки худ баъди интихоботи Президенти соли 2015 бо роҳбари Муҳиддин Кабирӣ ва ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода барои аз байн бурдани давлати соҳибистиқлолу демократии мо амалҳои нопоку ғаразноки худро бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ пиёда намуданд. Бояд хуб дарк кунем, ки терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ кӯдакон , занон, пиронсолон, ибодаткунандагон новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд, ягон вобастагие ба Ислом надорад.Балки бо таълимоти дини мубини Ислом ва рисолати он, ки ба раҳму шафқат нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чӣ дар хона, чӣ дар сарҳад , чӣ дар деҳа ва ғайраҳо мебошад. Пас мебояд, ҳар яки мо ҳимояи Ватанро тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум ва макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба роҳ монем. Аз ҷумла мо ҷавонони даврони истиқлол бояд барои пешрафту гул-гул шукуфии ватани биҳиштсоямон камари ҳиммат бандем. Мутахассиси шуъба Марҷонаи Ҷ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-12-2022, 14:45:20 | Диданд: 224