ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9273]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6085]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5789]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4952]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4273]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4253]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4236]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4225]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 61230
Бадахшон дарвозаи тиллои – қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон

Бадахшон дарвозаи тиллои – қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон Ба ҳама маълум аст, ки минтақаи афсонавӣ, халқи соҳибмаърифат, соҳибтамаддун, соҳибҳунар ва сарбаландӣ Помир бо урфу одатҳои гуногуни худ ҳамеша таваҷӯҳи на ин ки халқи Осиё, балки сайёҳони дигар давлатҳоро ба худ ҷалб мекунад. Сайёҳон ба минтақаи Тоҷикистон ташриф орварда, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмил муарифи менамояд. Дар ҳақиқат вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои саёҳати аз ҷиҳати табиати экологи тозаву табобатӣ ва кӯҳӣ минтақаи беҳтарин маҳсуб мешавад. Кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори сеюм аст, ки ба рӯйхати “100 манзари беҳтарини сайёҳӣ” дар ҷаҳон шамил гардид. Дар ин кӯҳҳо на ин ки боигариҳои таббии, сангҳои “Лаъли Бадахшон” балки ҳалқҳои бо урфу одати гуногун ҷойгир шудааст, ки дар ҷаҳон бо овозаи “Бадаҳшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон” машҳур аст. Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоии ахолии Бадахшон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат дар солҳои охир ҳамаи соҳаҳои ҳайти вилоят тағийроти кулли ба амал омадааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 30 соли охир қатори дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар корҳои зиёди созандагӣ ва ободонӣ ақиб намонда, ба якчанд иншшотҳои замонавӣ ва хизматрасон ба монанди нерӯгоҳи барқии обии хурди “Тоҷикистон” дар ноҳияи дурдасти баландкӯҳи Мурғоб, ки аз сатҳи баҳр 3500 м баланд сохта шудааст ва ғайра соҳиб шудааст, ки симои маркази Бадахшон ва шаҳру ноҳияиҳои онро ба як шаҳри замонавӣ табдил додааст. Аммо таҳавуллоти ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир ба амал омада моро ба ташвиш андохтаст. Ман бовари дорам, ки минбаъд дар масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешигирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо ва решакан кардани ҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонуниву истеъмоли маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, қонуншиканӣ ва ғайра табақаи бонуфузи ҷомеа, кормандони муассисаҳои таълимӣ вакилони ҳалқӣ, падару модар ва шахсони обрӯманди Помирӣ саҳибмаърифат дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ бетерараф нахоҳад шуд. Халқи Бадахшон ҳеҷгоҳ фирефтаи афкори заҳрогини бадхоҳони миллат намегардад ва ҳама якдилу якҷон барои аз даст надодани неъматҳои бузурги миллии худ сулҳу ваҳдат талош меварзад. Бадахшон порае аз хоки муқаддаси Тоҷикистон буда, халқи бузурги Помир барои пешрафту ободии ватани азизамон ҳамеша тайёр мебошад. Исматиллаева Умугулсун Исматиллаевна – вакили маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Мурғоб
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-12-2022, 14:48:07 | Диданд: 194