МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОРУХ ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОН

ВОРУХ  ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОН

ВОРУХ ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОН Имрӯз меболаму ифтихор аз он дорам,ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ва чунин давлати орому осуда зиндагонӣ дорам,аммо мутасифона бархе аз одамони курсавод маъниву мафҳуми оромӣ,озодӣ ва истиқлолиятро намедонанд ва роҳи ҷангро пеша намудаанд,вале мо чавонони ватандӯсту сулҳдуст ба ин рафторҳои ваҳшионаи онҳо роҳ намедиҳем,чунки ҳифзи марзу бум,муқаддасоти миллӣ қарзи пуршарафи фарзандии мо ҷавонон аст.Ворух қисми ҷудонашавандаи кишвари маҳбуби мост,аммо мардуми қирғиз онро аз мо гирифтан мехоҳанд,ки мо ҷавонон ба ин асло роҳ намедеҳем,зеро дар тани мо ҷон аст авлодони мо дар онҷо умр ба сар бурдаанд,ҳар зара хокашро азизу муқаддас донистаанд,баҳри озодиаш кушиданд,солҳои бениҳоят дароз ободаш намуданд ва ҳоло бошад давлати ҳамсоя-Қирғизистон нияти забт намуданашро дорад ва ҳама заҳматҳои бепоёни мардуми шарафманди тоҷикро баҳри ободии Ворух нодида мегирад.Номуси ҷавонмардии мо ба ин иҷозат намедиҳад,ки имруз фарзона фарзандони миллат баҳри ҳифзи ин сарзамин ҷон ба кафи даст ниҳодааст ва халқи қирғиз фазои орому осудаи кишвари моро ба фазои хунин табдил додани ҳастанд.Мо ҷавонон намегузорем нохалафе бо чашми бад фазои орому осудаи кишвари моро нигоҳ кунад ва то ҷон дар бадан аст баҳри ҳар зара хоки ватан меҷангем.Мо ҷавонон ҷони худро фидо месозем,аммо иҷозат намедиҳем ки марзу буми миллати тоҷик,модари тоҷик,хоҳари тоҷик фидо шавад.Мо намехоҳем,ки бори дигар дар чашми модар тоҷик гиря ҳувайдо бошад,кудаки тоҷик ятим монад,зани тоҷик бе сарпараст монад барои ҳамин баҳри ободиву озодии диёрамон ҳама чораҳои заруриро меандешем мо ба халқи Қирғиз дасти дӯстӣ медиҳем,аммо сарзамини худ-Ворухро намедиҳем.Агар обуруву ҳайсияти миллати тоҷик дар миён бошад,мо насли ҷавон то ҷон дар бадан баҳри эҳёи миллатамон мекӯшем.Меҳри волои ватандӯстӣ,ки саршор аз муҳаббат аст мехоҳам иброз намоя. Месазад худро барои ин ватан афсар кунам, Дидбонгоҳи худам аз хораву мармар кунам. Ман намонам чашми бад суйи ватан созад назар, Ҳамчу раъди нимашаб он дидаро абтар кунам. Тоҷикистон ҳар зара хокат барои ман азиз, Баҳри ҳифзи марзи хокат синаро испар кунам.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-12-2022, 10:47:42 | Диданд: 241