ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9273]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6085]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5789]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4952]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4273]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4253]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4236]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4225]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 6
- Хамаги омаданд: 61223
ТТЭ ҲНИ дастаи хиёнаткорон аст

ТТЭ ҲНИ дастаи хиёнаткорон аст Ин зумра одамон, ки ҷонибдори Ташкилоти Терорристи Экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломи (ТТЭ ҲНИ) мебошанд хиёнаткор пазируфта мешаванд. Зеро онҳо аз руи амалҳои кардаи худ бо террористон баробар мебошад. Ташкили таркишҳо, бенизомиҳо баҳри ба даст овардани қудратро танҳои ТТЭ ҲНИ ва ҷонибдорони онҳо ба вуҷуд оварданд. Номи онҳо, ки дар ҷомеа доғдор шудааст аз хориҷи кишвар истода бо ҳар ном худро пуштибони мардум гирифта дуруғу сафсата ва туҳматҳои ноҳақро нисбати сиёсати мо мегӯянд. Дар вақти дар Тоҷикистон будан сари ятимеро сила накарданду танҳо ба тиҷорат машғул буданд. Акнун, ки корашон барор нагирифт натавонистан мақсадҳои нопоки худро пиёда созанд аз хориҷи кишвар истода ҳар чизе, ки ба даҳонашон ояд мегӯянд. Суханҳо, туҳматҳои онҳо бе асос буда аз руи ғараз гуфта мешавад. Агар дар ягонҷо каме ҳам бошад мардум сухане гуяд онро воҳима карда аз худ ҳарчи хоҳанд мебофанду санги маломат мезананд. Ман умеду боварии комил дорам, ки мардуми Тоҷикистон солҳои 90-ум машақати ин гуруҳҳои бадкирдорро дида буд ва дигар ҳеҷ вақт ба суханҳои онҳо диққат намедиҳад. Мо имрӯз роҳи созандагиву бунёдкориро пеша гифрифтаем ва барои ободии диёри худ талош намуда истодаем. Бо нияти неки созанда кишвари худро ободу зебо мегардонем. Солиҳов Фаррух, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-01-2023, 16:34:48 | Диданд: 235