МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони нотавонбини миллат амну осоиши Тоҷикистонро дида наметавонанд.

Хоинони нотавонбини миллат амну осоиши Тоҷикистонро  дида наметавонанд.

Хоинони нотавонбини миллат амну осоиши Тоҷикистонро дида наметавонанд. Душманони нотавонбини миллати мо дар қолабҳои шахсиву гуруҳӣ ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа мисли хамелеон рӯ зада, аз ритми азалии худ зери нотаи нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, буҳтон ва дуруғафканӣ бо мақсади ғасби ҳокимияти қонунӣ истифода карда, мехоҳанд ба шуури созандаи мардум, хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд, ки пайравони аслии воқеии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, латма ва доғ ворид кунанд ва бехабар аз онанд, ки тирашон кайҳо хок хӯрдааст. Касе ба суханони пучу бемаънӣ ва бебунёди онҳо гӯш намедиҳад ва агар диҳад ҳам, мисли тамошои мазҳакаи навбатии гурӯҳи ҳаҷвӣ ва ё зери номи “Хоинони миллат” назар меандозанду як дамаке аз ин сӯзиши пур аз манфиатҳои шахсии хоинон фаротар бохабар мегарданд. Онҳо худ дарк кардаанд, ки дигар ҳеҷ кас ба қавле мухлиси суханҳои қолабиашон нест, вале ҳамоно аз ин мавқеи бешарафиашон истифода мебаранд. Ҳар шахс ва шахсияте, ки иродаи солим дорад, ба ҳар тарзе зери шуури худ суолеро ба миён меорад, ки гурӯҳчаҳои бо ном мухолифин ва зери пардаи “наҳзат” паноҳбурда аз андешаҳои нигилистии худ даст кашиданду афкори солимро пеша карда, ба ҷои он, ки дасисаҷӯйи кунанд, ба фикри андешаи ифтихори миллӣ афтида, дар бунёди Тоҷикистони дунявӣ ва соҳибистиқлол ҳиссагузорӣ кунанд... Худо медонаду иродаи нотавонбинии онҳо! Хотирасон бояд намуд, ки инҷо ёдоварии муҳим аст, ки воқеанҳам имрӯзҳо бо номи мухолифини Ватан, ки зери чатри хоҷагиашон бурун аз марзи кишвар, дур аз ёру диёр, бо қалбҳои пур аз кину бағалҳои пур аз санги маломат бе ягон асноду асос ба ҷониби кишвари биҳиштосоямон, ки бо боду ҳавои пок, хиёбону гулгашт, шаҳру деҳу рустои обод, оби ҷонбахш ва гулу гиёҳи равонбахшаш қалби сайёҳону ҳар бинандаро мафтун намуда, сокинони Ватан аз ин туҳфаҳои Офаридгор фараҳманду шукри истиқлолиятро доранд, санги маломат мепартоянд. Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Ализода Ё.С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-02-2023, 12:36:38 | Диданд: 238