ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9264]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6085]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5788]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4952]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4272]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4253]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4236]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61182
Тамоми мардуми шарифи Тоҷикстони азизамонро зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шумор

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикстони азизамонро зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шуморанд. Шахсан ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шод аз онам, ки ин сарзамини мардуми мо ҳамарӯз ободу зебо гашта истодааст. Гурӯҳи 24 ва дигар думравонашон ҳазор ёвагӯӣ кунанд назди хоҷагонашон худашонро вонамуд карданианд назди мо бошад душман ва аҳриман ҳастанд. Суханони он хоинони миллат ба касе таъсир бахш нест ба ҷуз худашон ва хоҷагонашон. Мо насли даврони соҳибистиқлол кишвари худро ҳимоя мекунему муқадасоташро ҳифз ва пос медорем. Ҳарки бо душмании халқ равонаст чу баҳр Зуд бошад, ки сари худ чу гирдоб хурад. Душманони мардуми мо дар ҳама давру замон буданд аммо мо ба онҳо диққат намедиҳему кори созандагии худро идома медиҳем. Тоҷикистони азиз дар тулии ҳазорсолаҳо фарзандони бо нангу номусро ба воя расонидаас ва донистани онҳо пайрави намудан ба онҳо моро дигар ягон хоин наметавонад бар суи худ фирефта намояд. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои маҳбубияти хоса миёни мардуми мамлакат аст ва шахсият фаъолият хизматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат барои мардум комилан рушан аст . Мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти милату давлат хуб медонад ва обурӯву эътибори абармарди бузург, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳони пазируфта шудааст. Солҳост, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуда истодааст, ки хоинони наҳзативу Гуруҳи 24 ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳамаашон ҷинояткору қаллобанд ва ҳадаф аз ниқоби мухолифӣ ба сар карданашон танҳо рупуш кардани ҷиноятҳои содирнамудаашон аст. Худро мухолифу «ҷабрдида»-и ҳукумати қонунии Тоҷикистон эълон карда, мухолифини ватанфурӯш ҳадафҳои муғризонаи худро пайгирӣ мекунанд. Умедворам, ки ҷиноятҳои навбатии ошкоршудаи Муҳаммадиқболи Садриддин чашми аҳли оламро кушода, чеҳраи воқеии мухолифини нохалафро ифшо мекунад. Роҳбарону аъзоёни ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои мамнуи дар Аврупо фаъолияткунанда пеш аз гурехта рафтан ба Аврупо ҷинояткор буданд ва танҳо баъд аз ошкор гаштани ҷиноятҳояшон ҷомаи мухолифиро ба бар карданд. Ҳамаи даъвоҳои сиёсӣ ва танқидҳои беасоси Ҳукумати Тоҷикистон танҳо суханҳои хушку холӣ буда, ҳадафи воқеии онҳо ба даст овардани фоидаи муфт ва бо роҳи фиреб ғанӣ гардонидани худ аст. Тавре шоҳидони ҷиноятҳои Муҳаммадиқболи Садриддин мегӯянд, ӯ бо истифода аз ҳадису оятҳои Қуръон маблағҳои зиёди онҳоро бо роҳи қаллобӣ аз худ кардааст. Магар аз ин ҷинояти вазнинтаре ҳаст? Ин афрод, ки худро ҳомии дину шариат меҳисобанд, бо истифода аз номи дини ислом ба чӣ ҷиноятҳое даст назадаанд. Алббата аз ин чиз мо бояд ҳайратзада нашавем. Акнун ки ҷиноятҳои навбатиашон ошкор шуд, боз худро бегуноҳ меҳисобанду иттиҳомоти эълоншударо ангезаи сиёсидошта эълон мекунанд. Дар иттиҳомоти эълоншуда ҷуз факту далел ва шоҳидони воқеӣ дигар ҳеҷ ангезае вуҷуд надорад. Лекин ин хабисон ҳеҷ гоҳ гуноҳи худро эътироф намекунанд. Агар онҳоро дар рӯзи равшан бо ҷурме дастгир кунем, дарҳол эълон медоранд, ки ин туҳматҳои ҳукумат аст. Дар ҷавоб ба ин даъвоҳои ҷабрдидагон Муҳаммадиқболи Садриддин чӣ мегуфта бошад, аллакай маълум аст. Ӯ мисли дигар ҳаммаслаконаш ҳеҷ гоҳ ба гуноҳаш иқрор намешавад. Омӯзгори МТМУ №98 Юлдошов А.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-02-2023, 11:46:31 | Диданд: 211