ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9264]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5787]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4952]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4272]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4236]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61179
Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза Вокуниш:Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористи аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Бароӣ он ки дани мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор халамдор карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Имрӯз Тоҷикисгон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи наздак ба ватани мо низ тахдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернети ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интақом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву ҷоеъ рафтан вақти холӣ фурсат наёбанд. Бештар ба забон омӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳод нест. Ҳама фишорҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофати исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯширо ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ситамова Роҳила, мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-02-2023, 14:48:20 | Диданд: 223