ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9264]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5788]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4952]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4272]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4236]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61180
Хоинони миллати тоҷик бегонапараст, гумроҳ ва асирӣ фарҳанги бегона мебошанд.

Хоинони миллати тоҷик бегонапараст, гумроҳ ва асирӣ фарҳанги бегона мебошанд. Барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва аз нав эҳё намудани фарҳанги миллати тоҷик, бунёд намудани давлати соҳибистиқлол ва амали намудани ҳадафҳои миллии халқу миллати тоҷик мардуми сарбаланди тоҷик солҳои тулонӣ бар зидди душманони беруна дар набард қарор доштанд. Яънеки маълум аст, ки душманони мо асос душмани фарҳанг, таърих ва манфиатҳои миллии халқи тоҷик буданд ва мардум дар мадди аввал дар набардҳои тулонӣ на ҷони худро ҳимоя менамуданд балки ҳамин манфиатҳои миллии халқро ҳимоя менамуданд ва барои ҳимояи он ҷони худро фидои Ватан менамуданд. Вақте, ки сухан сари фарҳанги миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва таърихи мардум меравад аз забони халқу миллат ин маънои онро дорад, ки мо дорои қувва, яроқ ва аслиҳаи бузурги таърихи ҳастем, ки тамоми ҷангҳои Осиёи миёнаро тули ҳазор солаҳо паси сар намудааст. Чунин маълумотҳое, ки дар боло қайд карда шудаанд, дар тамоми давру замон қимати худру гум накада балки мардумро барои ҳимояи манфиатҳои худи мардум омода месозанд. Шахсиятҳое, ки бар зидди давлату миллатӣ худ хиёнат мекунанд онҳо алакай дар асирӣ фарҳанги бегона ва бегонапарастӣ қарор доранд ва барои онҳо фарҳанги миллати тоҷик арзише надошта онҳо баҳри поймол намудани ин фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамарӯза дар шабакаҳои интернетӣ дар ҷангҳои иттилоотӣ қарор доранд. Дар шабакаҳои интернетӣ ҳамарӯза ҷангҳои иттилоотӣ аз ҷониби хоинони миллати тоҷик бар зидди манфиатҳои миллии халқу миллати тоҷик дида мешавад. Бояд донист, ки онҳо танҳо ва танҳо мехоҳанд, ки миёни мардуми тоҷик тухми нафратро бикошанд. Ҷавонмардони тоҷик ҳамарӯза бар зидди хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷангҳои иттилоотӣ дар рақобат қарор доранд. Вобаста ба ин бояд донист, ки танҳо такия бо фарҳанги бойи миллати худ ва манфиатҳои миллии худ мо метавонем бар зидди хоинони миллати тоҷик дар шабакаҳои интернетӣ музаффариат ба даст оварем ва оварда метавонем. Ба хоинони миллати тоҷик, ки дар шабакаҳои интернетӣ ба фитнаандозиву ҷангдозӣ миёни мардум гумроҳ шудаанд, қайд менамоям, ки мо мардуми тоҷик дар мадди аввал фарҳанги миллати худ, манфиатҳои миллии халқу миллати тоҷикро гузошта ва арзишҳои олии инсоро новобаста аз дину мазҳаб, мавқеи иҷтимоӣ ҳифз намуда, тамоми талошҳоямон баҳр ҳимояи ҳамин арзишҳо аст. Неъматзода Фарзона-мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-02-2023, 12:33:15 | Диданд: 234