ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9264]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5785]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4951]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4272]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4235]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 61151
Тераризм ва экстремизм-хатар ба ҷомеа

Тераризм ва экстремизм-хатар ба ҷомеа Вокуниш: Тероризм ватан, забон, ва нажод надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Дар ибтидои қарни 21 инсоният бо хатари ҷидие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегӯянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ- фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додаст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсиву мазҳабие будан, ки ба воситаи тарсонидану даҳшаафканӣ мехостан мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳе гардид .Дар охири қарни 19 ва 20 амалҳои террористи бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва техналогияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиоварашон ба амлиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Махсусан амалиёти террористӣ, ки 11- сентябри соли 2001 дар ИМА анҷом дода шуд бо бераҳмӣ, густохӣ ва теъдоди зиёди одамони қурбоншуда бесобиқа мебошанд. ҳанӯз як сол нагузашта, террористон 23-26 октябри 2009 дар Маскав кӯшиши гузаронидани чунин амалиётро бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳ намуданд, ки дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ даҳҳо нафар аз шаҳрвандони бегуноҳи Маскав ба ҳалокат расидан. Аз ин рӯ мо ҷавононро мебояд бар зидди ҳар гуна хатару таҳдидҳо омода бошем. Ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Нагузорем, ҳар бадхоҳе қадам ба ин сарзамини биҳиштосо гузорад ва ба осудагиву сулҳу суботи Ватани азизамон халал ворид созад. Ҳамеша кушиш намоем, ки ҳамаи ин арзишҳои миллии хешро ҳифз намуда баҳри ободиву осоиштагии ин сарзамини биҳиштосо, ки номаш Тоҷикстон аст камари ҳимат бандем. Шодибеги Иди –мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-04-2023, 14:02:40 | Диданд: 249