МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МАҚСАДИ НОПОКИ ХОИНОН АМАЛИ НАХОҲАНД ШУД.

МАҚСАДИ НОПОКИ ХОИНОН АМАЛИ НАХОҲАНД ШУД.

МАҚСАДИ НОПОКИ ХОИНОН АМАЛИ НАХОҲАНД ШУД. Вокуниш: Роҳбари сомонаи «Ислоҳ.нет» М.Садриддин дар кишварҳои хориҷӣ буда, аз он ҷо нисбат ба миллати тоҷик ва сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон дахолат мекунад. ӯ ҳаррӯза ба ин масъалаҳо бини халонида мавриди баҳсу мунозира қарор дода фазои интернетро иттиҳомоту буҳтони ӯ фаро гирифтааст. Ҳар иқдомми пешакардаи Ҳукуматро танқид намуда норозигӣ баён карда, дар доираи он иғвоангезӣ ва давлатро дар назди мардум бад кардан мехоҳад. Имрӯз ин падарбезори фирорӣ ва оқипадар аз назди худ сенарияҳо эҷод карда, нисбат ба инсонҳои бегуноҳ афсона мебофад. Ҳамчунин, моҷароҷӯӣ карда ба амалҳои ношоиста ва ӣғвоангезиву сохтакорӣ дар фазои интернет мекунаду гуё, ки дар фикри беҳбудии миллати тоҷик мебошад. Дар асл ин тавр нест, ҳақиқат ин аст, ки ӯ бо супориши хоҷагони хориҷиаш дар ин роҳ равона шуда ба чунин амалҳои номатлуб даст зада сомонаеро бо номи «Ислоҳ.нест» ташкил кардааст. Ин ҳам аз роҳи фанду фиребе, ки дар кишварҳои хориҷӣ анҷом медиҳад. Ин аст чеҳраи аслии М.Садриддин ва дигар роҳбарони ифротии наҳзатиаш, ки амалҳои даҳшатафканашонро дар пушти парда анҷом медиҳанду худро дар назди мардум равшанфикру таҳлилгар, мутафаккиру олим муаррифӣ менамоянд. Рубоҳу шағолоне ҳастанд, ки чашми гуруснаашон ҳеҷ сер намешаванд. Ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои ба даст овардани пули мӯфт мебошанду ҳама амалӣ номатлубро анҷом медиҳанд. Хоҳ бар зидди миллати худ бошаду ва хоҳ бар зидди оилаву наздиконашон. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ба сафсатаву афсонаҳои бофтаи ин хоин ва дигар ҳаммаслаконаш гуш надиҳему ҳамеша аз инҳо дурӣ ҷуем. Вагарна ӯ бо роҳбарони наҳзатиаш кӯшиш карда истодаанд, ки бо афсонаҳои тахаюлии бофта аъзоёни Ҳукумати Тоҷикистонро дар назди мардум паст зананду дар миён нофаҳмиҳоро ба амал оранд. Вале аз ин мақсадҳои нопокашон ҳар яки мо огаҳӣ дорему ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханҳои бофтаи ӯ ва дигар аъзоёнаш нахоҳем гашт. Мирзоева Г, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-04-2023, 11:33:34 | Диданд: 213