МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҲНИТ – ҲИЗБИ ХОИНОН

ҲНИТ – ҲИЗБИ ХОИНОН

ҲНИТ – ҲИЗБИ ХОИНОН Мо таҷикон аз доштани чунин як кишвари орому осуда, сарзамине, ки дар он сулҳ ҳукмфармо асту сокинонаш осоишта умр ба сар мебаранд ифтихори бузург дорем. Дар ин вазъи орому зебои мамлакат саҳми абармарди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззам миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст. Дар ҳақиқат ҳар як сокини мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки Пешвои муаззами миллат замоне ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон ба як ҷанги сахти таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нестшавӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагӣ, гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буданд. Ҳар рӯз садҳо модарон ашки ҳасрат мерехтанд. Фарзандонро аз падару модар дур мекарданд, ҳазорҳо кудакон аз хунукиву гуруснагӣ ҳалок мешуданд, ҳама парешон буд ва ҳеҷкас умеде надошт, ки то лаҳзаи дигар зинда монад. Воқеан ҳам таърих гувоҳ аст, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон – Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он рисолате, ки бар души худ гирифт, аз ӯҳдааш бар аъло баромада, миллату давлатро аз нобудиву парокандагӣ эмин дошт. Маҳз хизматҳои арзандаи ин абармард буд, ки кишвари моро ба сулҳу субот ва оромӣ расонид. Ӯ ҳамчун Пешво тавонист, ки миллатро ба ваҳдат оварад. Ин шахси олиҳиммат милати тоҷик ва давлати тоҷиконро аз минбари баланди СММ муаррифи намуд. Имрӯз Пешвои тоҷикон натанҳо барои миллати худ, балки барои тамоми саёра ғамхори ва мушкилиҳои курраи заминро фикр ва барраси намудаистодааст. Мо тоҷикони ҷаҳон дидаистодаем, ки ин нақшаҳо бо азму иродаи нек ва қалби ватандӯстонаи Пешвои миллат ҷомаи амал пӯшидаистодааст. Хусусан сулҳи тоҷикон ки дар як муддати кӯтоҳ ба даст омад, дар сартосари ҷаҳон ҳамчун намуна омухта шуда, он тавассути хизмати шоистаи президенти кишвар амалӣ гардида истодааст. Аммо баъзе нохалафоне ҳастанд, ки ҳамаи корҳои ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқиду таҳқир қарор медиҳанд, ки ин ҳам бошад, роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ аст, ки пайваста мехоҳад нооромиро дар ватани орому осудаи мо ба миён биёварад. Мардуми тоҷик хуб огоҳанд, ки ҲНИ тайи чанд сол лиқои қалбакии худро пӯшида мардумфиребиро шуғл карда буд. Рукнҳои дини мубини исломро дар шакли ғалат тарғиб карда, ба чашми одамон хок мепошиданд. Вале имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ТТЭ ҲНИ аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, мардумро огоҳ мекунанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ ягон пайрави он барои ободонии ватан ягон қадре ҳам саҳме нагузоштааст, ки инро вақт исбот намуд. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба суи нооромиву ноумедиҳо мекашанд. ҲНИ ҳизби ноком, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо суистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардад, аммо дар таҷриба исбот гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надорад ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар нахоҳанд кард. Аҷабо ба туҳматбофиҳои наҳзатиҳо кӣ бовар мекарда бошад. Зеро мардум дар фазои ободу озод, дар сарзамини муқаддас, ҳаёти орому ободро ба сар мебаранд ва ҳамеша иброз менамоянд, ки тамоми мардум пайрави Пешвои миллатанд. Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст. Бале, имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбиятҳои гуногун дорем, барои ободии ин меҳан кору фаъолият мекунем. Ва ҳаргиз ба суханони хоинони миллат ба монанди Кабирӣ ва ҳамаслакони ӯ бовар нахоҳем кард ва аз тамоми мардум даъват баамал меорем, ки фирефтаи суханони манфуронаи ин хоинон нашаванд. Ба Ватан ва миллати худ содиқ бошанд. Мутахассиси пешбари шӯъбаи кор бо занон ва оила: Шабнам Сатторова

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-04-2023, 09:05:37 | Диданд: 203