ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9264]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5785]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4951]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4272]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4235]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 61144
Вокуниш: Мо бояд ҳамеша душмани худро донем!

Вокуниш: Мо бояд ҳамеша душмани худро донем! Иҷрои кор, роҳбарии беш аз 10 нафар кормандон масъулияти бузургро талаб мекунад. Дар ҷомеа нафароне вомехӯранд, ки хиштеро болои ҳам нагузоштаанду аммо нисбати кори меъморон камбудӣ меҷӯянд. Сомонаҳои иҷтимоӣ маҳз барои чунин нафарон имкониятҳои васеъ дод. Як нафари тангназар аз ҳазорҳо киллометр дур истода якҷойи дигарро танқиду таҳлил менамояд. Баъзан нафарон дар ҷамъомаде нишаста нафареро зери танқид қарор дода, мехоҳад аз ин фурсат мартабаи худро баланд созанд, лек дар ин ҷамъомад ҳастанд нафароне, ки ки будани танқидгаро медонанду оҳиста-оҳиста дар борааш маълумот медиҳанд. Душманони имрӯзаи миллату давлати мо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ корҳои сиёсӣ ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври худ гуё танқиду таҳлил мекунанду худро назди мардум пуштибон мешуморанд. Аз ин кори онҳо ягон манфиат ва ё фоидае ба касе нест, чунки онҳо танҳо суханҳои бе асосро мегӯянду як ду нафар ҳамаслаки худро доранд. Ҳамақидаи онҳо танҳо як ду нафар ҳаст, ки ҳама онҳоро мешиносаду мефаҳмад. Онҳо ҳам насаб ва номи худро ҳар гунна гирифта суханҳои по дарҳаворо гуфтани мешаванд. Дар асл кор ва баромади онҳо ба ҷуз аз саҳнача дигар чизе нест, ки инро ҳама медонад. Аз ин лиҳоз мавзӯи андешаи дар мавзӯи “танқид маънои пуштибониро надорад” оварда шудааст. Яъне танқиду бӯҳтонҳое, ки онҳо мегӯянд бӯи ғализ ва суханҳои бофта аст. Вақте, ки касе бо онҳо мусоҳиб мешавад ва аз фаъолияти давлат изҳори қаноатмандӣ мекунад, онҳо асабона ва бо суханҳои дағалона дар меафтану ҳарчиро, ки дар забонашон ояд мегӯянд. Кирдору рафтор ва ҳатто суханҳои бахилонаи онҳоро дигар форсизабонон маҳкум менамоянд. Ёвагӯён барномаҳои худро зиёд карда, исбот мекунанд, ки гӯё тарафдоронашон зиёд аст. Бо ин далел дар баъзан маврид “лайк” ва дигар амалҳоро мисол меоранд, ки ин як кори оддӣ аст ва ба воситаи маблағ чунин корро метавон иҷро кард. Хуласи гап ҳамин, ки ин нафарони бадандешу бадбин, ки аз суханҳояшон буи ғализи норомӣ ва андохтани низоъ байни гурӯҳи муайян ҳаст, ҳеҷ вақт тарафдоре пайдо намекунад. Чунки мо мардуми Тоҷикистон солҳои 90 –умро дар хотир дорем ва бори дигар воқеаҳои давлати Афғонистон собит кард, ки ҳангоми ноамни мардуми оддӣ чи аҳволеро ба сар дорад. Сафаралӣ Мирзоев –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-04-2023, 09:13:48 | Диданд: 222