МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Нақшаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз ҳеҷ гоҳ ба кор намеояд!

Нақшаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз ҳеҷ гоҳ ба кор намеояд!

Нақшаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз ҳеҷ гоҳ ба кор намеояд! Ҳар боре, ки дар матбуоти даврӣ оиди ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш маводе чоп шавад, давраҳои мудҳиш ва барои миллати тоҷик бадбахтонаи солҳои 90-уми асри гузашта пеши назар меояд. Бале он рӯзҳои мудҳише, ки ба сари миллати тољик омад онро танҳо ва танҳо як гуруҳ душманони миллат, ки атрофи Ҳизби наҳзати ислом љамъ омада буданд, ташкил намудаанд. Дар он давра аввалин маротиба хунрезии дастаҷамъона дар деҳаи Олӣ Совет-и ноҳияи Ленин имрӯза Рӯдакиро онҳо ташкил намудаанд. Арбобони илм, қаламкашон, шахсиятҳои барљастаи миллати тоҷик Исҳоқӣ, Ғуломов, Олимпур, Муродулло Шерализода, Нурулло Ҳувайдуллоев аз дасти ин нољавонмардон кушта шудаанд. Халқи тољик  хуб дар ёд дорад, ки дар он солҳо Ҳизби наҳзати ислом бо роҳи фиреб баъзе одамони гумроҳро ба майдонҳо ҷамъ оварда , майнаи сари баъзе љавонони гумроҳро шуста, зинда ба зинда љанозаи онҳоро мехонданд, ки мислаш дар дигар созмонҳои терористии байналхақӣ вуҷуд надорад.  Дар он давра дар дегҳо ҷӯшонида хурокҳои гуногун, бо яроқҳо таъмин будани тарафдорони онҳо дар минбар суханрониҳои Эшони Қиёмиддину Ғозиву, Мавлавии Аёмиддин љомеаро ба таҳлуқа андохта буд. Дертар маълум гардид, ки таъминкунандаи моливу пулӣ ин бетартибиҳо Оятуллоҳову Охундҳои Ҳизби наҳзати исломӣ будаанд. Наҳзатиҳои гузаштаву имрӯза барои нафси худ Тољикистони азизро ба коми љанг кашида, ҳазорҳо-ҳазор халқи тољикро нобуд карда, ҳазорҳо хонаи тољикро вайрон намуданд. Дар кадом асари Чингиз Айтматов оиди манқурт сухан рафта, чунин тасвир карда шудааст, ки Хоҷа мӯи сари ғуломи сари худро тарошида дар он пусти моли навкуштаро печонида мебандад, то он лаҳзае, ки мӯи сари ғулом аз нав рӯида ба қабати пуст надарояд. Пас аз ин ғулом манқурт мегардад. Бале Кабирӣ ва думравонӣ ӯ ғуломи манқурти Охундаҳову Оятуллоҳо мебошад. Зеро дар сурати иҷро накардани хостаҳои хоҷагонашон, хоҷагон пустаки сари Кабириро гирифтани мешаванд. Ё Қурбонализода.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-04-2023, 10:20:25 | Диданд: 228