ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9264]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5785]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4951]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4272]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4235]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 61139
БО АМАЛҲОИ ИФРОТӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

БО АМАЛҲОИ ИФРОТӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ! Ба ҷавонон зуд таъсир расонидани дигаргуниҳои ҷомеа аз зумраи мушкилотҳое мебошад, ки ки бартараф кардани онҳо кори хело зарур аст. Ин мушкилии ҷиддӣ, майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Ин вобаста ба он аст, ки ҷавонон ҳасостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеа доштаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои ҳуд аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд. Шомилшавии ҷавонон ба гӯруҳҳои ифротгароӣ, аз кабили терроризм, экстремизм тамоми аҳли ҷомеаро ҳамчун муаммои доғи рӯз ба ташвиш овардааст, ки ин аз паст будани тарбия ва дониши бархе аз ҷавонони имрӯза дарак медиҳад. Сатҳи пешрафти техника ва технологияи иформатсионӣ бениҳоят дар ҳоли рушд ва пешрафт аст, ва ҷавонон аз технологияҳои замонавӣ зиёд истифода мебаранд. Роҳи асосие, ки имрӯз ҷовонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва экстримистӣ пайваст мешаванд, бемаврид ва нодуруст истифода намудани шабакаи ҷаҳонии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Боиси нигаронист, ки рӯз то рӯз дар ҳориҷи кишвар ҳар гуна гуррӯҳои экстремистӣ пайдо шуда ҷавонони моро бо ҳар роҳ ба худ ҷалб карда истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохуриҳояшон ба ҷавонон рӯ оварда пайваста таъкид менамоянд, ки "Зиракиву ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод". Пас мо ҷавононро зарураст доймо омода бошем. Ва ҳар ҷое, ки бошем пеш аз ҳама ҳисси миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан-Модар ва ҳимояи онро дар мадди аввал ниҳода, нагузорем ҳар гуна гурӯҳҳои характери террористӣ дошта, барои расидан ба мақсадҳои фасоди ҳуд давлати ободу ороми моро халалдор намояд. "МО ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум мекунем!" Ва тамоми саъю талоши хешро ба донишандузӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона месозем. Мо ҷавонон дар паҳлуи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Ҳалкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, Ватанро боз ҳам ободу зебо кунему онро аз душманон ҳимоя мекунем. Чӣ хеле, ки мегуянд: - Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан воҷибтар. Аз ин рӯ, кас ба куҷое, ки сафар накунад, меҳри Ватан ӯро чун оҳанрабо боз ба суи худ мекашад. Мо бояд ватани худро дӯст дорем ва ҳамеша ба хизматаш омода бошем. Сафархони Муҳаббат-мудири шуъбаи молияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-04-2023, 14:20:19 | Диданд: 220