Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3936]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 53691
СУЛҲИ ИБРАТОМӮЗ
Маълум аст, ки дар таърихи ҳар миллату давлат ҷашнҳое вуҷуд доранд ва таҷлил мешаванд, ки сарнавишту бақои он миллат ба онҳо вобастагӣ дорад. Бо гузашти рӯзгорон арзиш ва бақои ин гуна ҷашнҳо бештар ва пештар мегардад.
27- июн рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳу ризояти миллӣ барои миллати мо, аз чунин ҷойгоҳе бархӯрдор аст.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташриф овардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд якчанд паёмҳои навро ба бор овард. Ифтитоҳ гардидани корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои давлатию ғайри давлатӣ, биноҳои баландошёна ва дигар корхонаҳо аз шукуфоӣ ва неъматҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ дарак медиҳад.
Воқеан Ваҳдати миллӣ бо талошу заҳматҳо ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат ба даст омадааст. Маҳз гуфтушунидҳои паёпай бо Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар якчанд кишварҳои дуру наздик, ба Тоҷикистони имрӯз умри дубора бахшид, миллатро наҷот дод.
Ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, иттиҳоду ваҳдати миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат, Созишномаи умумии истиқрори сулҳу ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Барои тавсеа ва суръат бахшидан ба раванди сулҳу оштӣ, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари баргузории музокирот, дар оростани мулоқоту сӯҳбат ва бо роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик бо иродат баромад карданд. Таърих ва миллати тоҷик хизматҳои Сарвари давлати худро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон ба таври васеъ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ оғоз кард.
Таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди тадқиқу омӯзиш қарор гирифт. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун модели нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид, чунки ин таҷриба агар аз сӯи кишвари бузург ва абарқудрате матраҳ мешуд, ҷойи таъаҷҷуб ва ҳайрат надошт, вале матраҳ шудани он аз сӯи кишвари тозаистиқлоле чун Тоҷикистон, дар ҳақиқат ҳайратовар аст.
Имрӯз кишварҳои ҷангзада барои расидан бар тавофуқ ва оштӣ аз он истифода менамоянд, ки барои мо ҷойи ифтихор аст. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчун падидаи нодири ҳаёт эътироф карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар ҷаҳон, мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳанд.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талошҳои фарзандони содиқи халқ, ба мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.
Маҳз оштӣ бастан байни ҳукумати мамлакат ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик ба миллати тоҷик хирадро бедор кард, халқро аз ҳар гуна дасисаву фитнаю иғвоҳо дур намуд.
Муҳимтарини дастоварди ин сулҳ ҳамоно тақвияти ваҳдат ва осоиши ҳама сокинони кишвар, фароҳам шудани заминаи пешрафту тарққиёт, рушду шукуфоӣ ва ба даст овардани садҳо муваффақиятҳои беназир буд. Кишвар тӯли ин муддат худро ба унвони кишвари босубот, амн, мустаҳкам ва рӯ ба пешрафт дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Ба туфайли Ваҳдат боғу бӯстонҳои хушкшуда аз сари нав сабзу хуррам гардид, ҳазорон манзилу муассисоти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангоршуда, аз нав қомат афрохта, ба худ шукуҳу шаҳомати тоза касб намуданд.
Ба ризоият омадан на бо ҳизби наҳзат (ки имрӯз он ташкилоти экстремистию террористӣ эълон гардидааст), балки бо Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик сурат гирифта буд. ТЭТ ҲНИ ҳеҷ вақт ва ба ҳеҷ ваҷҳ яке аз тарафдорони сулҳ буда наметавонад. Зеро он бо номи дини мубини ислом баромад намуда, мардумро ба хунхорию хунрезӣ даъват мекард. Имрӯз низ ин ташкилот аз хориҷи кишвар ба сиёсати давлати Тоҷикистон дахолат намуда, оромии миллатро халалдор карда истодааст. Аммо халқи тоҷик хиради бузург дорад, намехоҳад, кишвараш дубора оғуштаи хун гардад.
Сулҳе, ки ба даст омадааст, акнун умри 21-сола дорад. Пас моро зарур аст, ки барои миллати худ, барои оромиву осудагии худ, барои сулҳу суботи кишвар фирефтаи фитнаҳои ин бадхоҳони миллат нашавем. Вақте миллати бофарҳанги тоҷик аз як гиребон сар мебарорад, ҳеҷ қуввае аз дохилу берун моро таҳдид карда наметавонад.
Хусрав Ҳомидов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тақво»-и шаҳри Хуҷанд
бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/940
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-07-2018, 07:41:15 | Диданд: 783