ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9258]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5785]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4951]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4272]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4235]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61092
Хоини миллат он аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад, Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар думравонашон барин шахсиятҳо паси пардаи ислом истода ҳаргуна иғвоангези мекунанд.

Хоини миллат он аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад, Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар думравонашон барин шахсиятҳо паси пардаи ислом истода ҳаргуна иғвоангези мекунанд. Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар думравонаш маълум ва мардуми Тоҷикистон ин ашхосро ҳамчун як нафарони хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамаслаконаш вақте аъзои собиқ ҳизби Наҳзати ислом айни замон ТТЭ ҲНИ шуданаш хиёнатро ба халқу ватани худ сар кард. Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайвандад, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ ва он думравони хонаш кашида буданд оқибат ӯро шармандаю русиёҳ намуд. Имрӯз, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамаслакони каждумсирати ӯ паймонҳо таъсис медиҳанду онро дар сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд, андешаи онро надораннд, ки бо ин усул нафрати милионҳо одамони сайёраро бар муқобили худ бармехезонанд. Мо миллати саодатманд ва куҳантамаддуни тоҷик ҳаргиз ба ин иҷозат нахоҳем дод, ки бо чунин ақидаҳои нопокатон моро тавсия диҳед, зеро то кунун касе аз наҳзатиҳо барои коре тавсия напурсидааст. Аз ин рӯ инро қабул намоед, ки дигар касе шуморо гӯш нахоҳад, кард. Вақте, ки шумо ин қадар тарафдори он бошед, ки чунин амалҳои аз доираи одоб берун идома ёбад. Аммо иддае аз мухолифони кишвр, аз қабили Муҳиддин Кабирӣ хоҳони он аст, ки фарҳанги миллии тоҷикон барбод равад. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Мардуми тоҷик ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Сокини н. Восеъ Ализода Ё
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-05-2023, 16:28:22 | Диданд: 254