МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҶОМЕАРО АЗ АНГЕЗАҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР ҲИФЗ КУНЕМ

ҶОМЕАРО АЗ АНГЕЗАҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР  ҲИФЗ КУНЕМ

ҶОМЕАРО АЗ АНГЕЗАҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР ҲИФЗ КУНЕМ Ин таҳаввулоти номатлуби замон боиси халалдор кардани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардида, ҳаёти осоиштаи мардуми сайёраро зери хавфу хатар монда, ҳазорҳо тифлони бегуноҳ, пирони барнодил ва ҷавонони равшанфикр ба коми ин «заҳҳок»- и аср фур рафта истодаанд. Терроризм аз амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён оварда, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Ба ақидаи сиёсатшиносон, зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан, гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат, мумкин аст эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он ба ифротгароӣ мерасонад. Ба ҳамаи мо аз таърих маълум аст, ки идеологияҳои ифротгароӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ ба миён меоянд. Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тацйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, цасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир барои кишвари мо муҳим аст, ки бо ширкати тамоми қишрҳои ҷомеа консепсияи мукаммали мафкуравии худиро ташаккул диҳем, зеро набудани идеалҳо ва ҳадафҳо дар зиндагӣ бахусус ба ташаккули шахсияти ҷавонон таъсири ниҳоят манфӣ дорад. Барои ин табақа мавҷуд будани идеалҳои мушаххас ва ҳадафҳои равшан ба хотири рушди ҳирфавӣ ва шаҳрвандии шахсият ва умуман ҳаёт арзишҳои бунёдӣ мебошанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки аксар ҷавонони бо гуноҳи ифротгароӣ маҳкумшуда бо сабаби дониши пасти динию дунявӣ, надоштани машцулият ва ҷойи кор гумроҳ шудаву ба доми афрод ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ афтодаанд. Бояд ёдовар шуд, ки аксари онҳое ба ҷангҳои Сурия мераванд, аз бекорӣ бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта ва дар он ҷо бо мусоидати гурӯҳҳои таблицгар ба Туркия ва баъдан ба Сурия роҳ меёбанд. Қобили таъкид аст, ки тоҷикистон гурӯҳи худхондаи «Давлати исломӣ» - ро як созмони террористӣ ва мамнӯъ эълон кардааст. Сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони муосир, ки худ нооромиҳои сиёсиро аз сар гузаронидааст, қадру манзалати махсус дорад. Ин неъмати бебаҳо бо туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад. Директори МТИ Шоинов Д.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-05-2023, 14:12:37 | Диданд: 266