ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10302]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6280]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6053]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5156]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4486]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4444]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4441]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4437]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4061]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 70109
Дар бораи ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсусе сухан рондан мумкин аст, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70 – 80- уми қарни ХХ рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракатҳои «Толибон», «Ал- қоида» ва «Ҳизбуттаҳрир» мушоҳида карда метавонем.

Дар бораи ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсусе сухан рондан мумкин аст, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70 – 80- уми қарни ХХ рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракатҳои «Толибон», «Ал- қоида» ва «Ҳизбуттаҳрир» мушоҳида карда метавонем. Иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз ҳар яки мо масъулияту ҳушёрии сиёсӣ, имону эътиқоди комилро талаб менамояд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.01.2015) ин равияи тундравро маҳкум намуда, чунин иброз дошта буданд: «… ҳодисаҳои солҳои охир бори дигар исбот намуданд, ки терророизм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла, бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла, аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст». Бинобар ин, моро зарур аст, ки пеши роҳи ифротгароиро гирем ва ба домангустарии ин гуна равияҳо роҳ надиҳем. Ҷавононро бояд дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоем, то онҳо сазовори давру замон бошанд.Баромадҳоро шунида ва мӯҳокима намуда, ҷамъомади умумии кормандони муассиса пешниҳол менамояд: Аз ҷавонон ва мардуми Ҷумҳурии азизамон даъват ба амал меорем, ки ба гурӯҳҳои ифротгарой – экстремистӣ пайваст нашуда аз ин миллату ин давлат, пуштибони намоянд. Муалиф Шоинов Д.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-05-2023, 11:42:19 | Диданд: 291