Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3936]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 53690
ПОСУХ БА БАХШИ ДИПЛОМАТӢ ВА РАСОНАИИ САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ДУШАНБЕ
Дини мубини ислом ин дини тафриқаандозӣ ва ҷангҷӯӣ нест, балки ислом дини раҳмат аст, ислом дини ваҳдат аст, ислом дини сулҳу осоиштагӣ аст. Парчами ислом сиёҳ нест, парчами ислом сабзу хурамӣ аст.
Мо мардуми мусалмони Тоҷикистон аз он шикоят дорем, ки миллати ҳамфарҳанг ва ҳамзабони мо Ҷумҳурии исломии Эрон макони сарпаноҳи хоинон ва душманони миллати тоҷик гардидааст.
Муҳтарам диплматҳои ҷумҳурии ба мо бародар,
Шумо хуб аз таърихи сулҳи тоҷикон огаҳ ҳастед, ки бо чи гуна ҷонбозиҳо ба даст омад. Агар дастандаркорони ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом ҳадафашон сулҳи воқеӣ мебуд, пас чаро дар зери ливои сулҳ зиндагии осударо нахостанд?.
Ҳар хоҳише, ки ин ноҷавонмардон аз Ҳукумати Тоҷикистон намуданд, он амалӣ гардид. Аммо дар зери ниқоби ислом аз сари нав ба давлатхоҳӣ ва табаддулот даст заданд.
Халқи тоҷик дигар он мардуми солҳои 90-ум нест, ки дасисаи наҳзатиҳоро пайгирӣ намояд. Зеро дар рафти фаъолияти ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом мардуми тоҷик дарк намуд, ки инҳо на ҳомии дин, балки хоини дин мебошанд.
Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар номаи хеш ба АМИТ «Ховар» аз ибтикору хизматҳои Эрон дар марзи Тоҷикистон ёдовар шудааст. Аммо аз “ибтикору” “хизматҳое” чун даъвати террористи ашаддӣ ва роҳбари ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ба конфронси “Ваҳдати исломӣ”, оид ба нодида гирифтани мавқеи расмии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи ҷараёнҳои ифротиву террористӣ чизе нагуфтааст, дар бораи маскун гардонидани терористон ва ифротгароён дар шаҳрҳои хеш чизе нагуфтааст! Чаро?
Искандаршо Умаров,
ноиби ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон
бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/938
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-07-2018, 07:43:45 | Диданд: 674