ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9257]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5785]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4951]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4272]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4235]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 61040
Хоинони миллат

Хоинони миллат Аз таърих ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳамаи давру замон шахсоне буданд, ки бар зидди миллати худ муқобилият нишон медоданд. Мутассифона, имрӯзҳо шахсоне ҳастанд, ки ба Ватани азизи мо низ хиёнат мекунанд. Яке аз ин гуна шахсиятҳо Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизбӣ ӯ мебошад. Мақсади онҳо танҳо ноором сохтани авзои ҷомеа ва амали сохтани амалҳои нопоки худ мебошад. ҲНИ ягона ҳизбе мебошад, ки ба Ватани мо бисёр зарари молию ҷонӣ расонидааст. Ҳамагон медонанд, ки ҲНИ аллакай мавқеи худро гум кардааст. Баъди манъ кардани фаъолияти ҲНИ тамоми сардорону ташкилкунандагон ва тарафдорони он аз Ватан фирор карданд. Берун аз давлат мебоист, ки ба қадри неъматҳои кишвар расида тавба кунанд. Лекин ин хиёнаткорони миллат ба давлату кишвари хеш туҳматҳои беасос мекунанд. Хусусан роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ лофу ғазофи зиёд мегӯяд. Бояд гуфт, ки ин бедину бемазҳаб ва имонфурӯшу беватан ҳаргиз ба ниятҳои нопоки худ намерасад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки тамоми кушишҳои худро ба харҷ дода таъриху фарҳанги халқу миллати худро донем ва фарзандонамонро барои донистани таъриху фарҳанги худ равона созем. Зеро таърих гувост, ки баъд аз хиёнаткориҳои чунин бадхоҳони миллат ба монанди М. Кабирӣ ва дигар ҳамаслакони ин хоинони бадбахт халқу миллати тоҷик боз ба азобу машақат гирифтор мешаваду халос. Аз ин лиҳоз мо бовари дорам, ки мардуми шарафманди миллати тоҷик ҳеҷ вақт бо сафсатаҳои хоинони миллат гуш намеандозанд, чунки аз дасти чунин хиёнаткорон рўзҳои сахту сангинро сарсону саргардониҳо ва нооромиҳорои зиёдро аз сар гузаронидаанду дигар чунин рўзҳои бадро намехоҳанд. Сокини ноҳияи Восеъ: Ш. Маҳмадов
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-07-2023, 11:01:08 | Диданд: 215