МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Нест бод хоинони миллат.

Нест  бод  хоинони миллат.

Нест бод хоинони миллат. Вақтҳои охир чунин ба назар мерасад, ки роҳбарону ҳаммаслакони ташкилоти террористию экстремисти ҳизби наҳзатиислом (ТТЭ ҲНИ) ва ҳаракати ифротӣ бо номи Гурӯҳи-24 аз сабаби дарки заъифи худ аз имконияти васеъи шабакаҳои интертетӣ сӯистифода мекунанд. Воқеан дигар роҳе надоранд аз сафсатхониву ғайбаткунӣ. Хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ то ба имрӯз ин ҳизби терористиро маблағгузорӣ мекунанд, то садое пур аз ҳақорату таҳдиду таҳқиру интиқомситониро баланд намоянд. Ҳамаи ин ба хотири манофеи шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани аҳдофи хушунатбор асту бас. Зеро аз хориҷ идора мешаванд ва талабу хостаҳои онҳоро иҷро мекунанд. Рафтору гуфтаҳову хостаҳои ТТЭ ҲНИ дигар ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад. Воқеан он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест!. Хоинони миллат ба рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ ва ғайриисонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз ин одати бад даст бикашанд. Ин ҳолат аз он далолат мекунад, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида, қайд кардан ҷоиз аст, ки мо минбаъд низ баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлоли кишвари азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ ҳоҳем дод. Мо бояд ба қадри сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ расем, ба маҳалбозию иғвогарӣ хотима бахшида, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилона меҳнат намоем! Сокини ноҳияи Восеъ: Ш. Маҳмадов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-07-2023, 21:56:34 | Диданд: 204