МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм ва экстремизм зуњуроти номатлуб

Терроризм ва экстремизм зуњуроти номатлуб

Терроризм ва экстремизм зуњуроти номатлуб Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳаррӯз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем. Мо бояд ҳамарӯза ва пайваста ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар ҳамкорӣ бо падару модарон, мактабу маориф ва олимону зиёиён дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва дар рӯҳияи созандагию меҳанпарастӣ тарбия кардани онҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монем. Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷахон аз он, ки терроризми байналхалқӣ, ҷудоиандозӣ ва зуҳуроти дигари экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, навъҳои дигари хатарноки ҷиноят, инчунин ҳиҷрати ғайриқонунӣ дар қаламрави на фақат давлатҳои алоҳида, балки минтақаҳои том беш аз пеш доман паҳн мекунад, ҷиддан ба ташвиш омадааст. Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият бахшидани фаъолияти зиддитеррористӣ, ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардондан ва ба низом даровардан лозим аст. Вобаста ба ин дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти манфии ҳаёти байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст. Бо таассуф гуфтан лозим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол дар бораи мафҳуми терроризм хулосаи ягона набаровардааст. Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ ба терроризм муқобил баромада, ҳамзамон терроризми байналхалқиро дар мамлакатҳо ва минтақаҳои дигар ба ин ё он восита дастгирӣ намуда, террористонро муборизони роҳи озодӣ ва ҳуқуқи инсон қаламдод кардани мешаванд. Аз ин рӯ мо ҷавонон, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳем месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашавем ва дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошем, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошем. Корманди МИҲДи н. Восеъ: Ш. Маҳмадов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-07-2023, 21:59:04 | Диданд: 239