ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9257]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6084]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5785]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4951]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4272]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4252]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4235]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4224]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3888]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61043
Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб вазифаи ҳар яки мост.

Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб вазифаи ҳар яки мост. Асоси шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ мебошанд. Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмоммалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҷавонон бисёр имкониятҳо, ҳам барои таҳсил, ҳам барои кору фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифатӣ-ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Мо бояд фармуш насозем, рӯзҳое буданд, ки дар ватани худ, дар хонаҳои хеш ҳатто амну осуда намезистем. Ҳама беқарор ва дар воҳима будем. Ташаккур мегӯем ба сарвару роҳбару раҳнамои ин миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки замоне аз даҳҳо минбарҳои хурду бузург, аз сари чандин мизу гуфтушунидҳо бо чунин дилсӯзиву қотеъият масъалаи зарурияти ҳифзи ягонаи Тоҷикистон ва аз парешонӣ нигаҳ доштани ин давлату ин миллати ба доми оташкашидашударо гузошту кишварро аз нестшавӣ, миллатро аз парокандашаваӣ наҷот дод. Мо ифтихор мекунем, аз чунин Пешвову сарвари сулҳпарвар, ки хушбахтона Президенти имрӯзаи мо гардид, вагарна имрӯз Тоҷикистони офатзада воқеан чунин побарҷо намебуд. Бояд мо ҷавонон дарк намоем, ки пос доштани ин муқаддасот ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Зеро ношукрӣ кардан аз Ватани аҷдодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот гуноҳи кабира ва дӯст доштани Ватан аз имон аст. Аз ин хотир, бояд ҳар яки мо ба қадри Тоҷикистони соҳибистиқлол расида, баҳри сарсабзиву хуррамии он софдилона меҳнат намуда, нуфузу обрӯӯи онро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардорем Корманди МИҲДи н. Восеъ: Ализода Ё.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-07-2023, 15:23:03 | Диданд: 209