МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Кӯр бод чашми хоинони миллати тоҷик.

Кӯр бод  чашми  хоинони  миллати  тоҷик.

Кӯр бод чашми хоинони миллати тоҷик. Мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу субот ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, зеро хоинон ва душманони миллат, ки нияти сарнагун кардани миллати тоҷикро доранд, бар зидди онҳо мубориза барем. Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ эмин буда наметавонад. Лекин бо сарварии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи заҳматкаши тоҷик он рӯзҳои сахтро паси сар карда, имрӯз дар Тоҷикистони ободу зебо зиндагӣ доранд. Мутаасифона душманони халқу давлати тоҷик, ки хоинони миллатанд мехоҳанд бо ҳар гуна роҳу усулҳо нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо афкори ҷомеаи ҷаҳони имрӯзаро вайрон созанд. Аз дур истода фитна меандозанд. Вале халқи тоҷик кӯр нест ва худ дида истодааст, ки саҳми Пешвои миллат дар рушди кишвар чӣ гуна аст. М. Кабирӣ созмондиҳандаи асосии ҳодисаҳои нангини солҳои пешин дар кишвар, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Апрупо умр ба сар мебарад, мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар монда, худ фирор кардааст. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Акнун дар хориҷии кишвар аз қудратҳои минтақивию ҷаҳонӣ кушиши молявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро тира кунанд ва ҳамчун як муҳра ба манфиатҳои бегонагон хизмат менамояд. Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд. Мо мардуми тољик, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамоем. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт. Имрўз ў тўҳматчигиро пеша кардааст. Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳони амалу ҳаракатҳои ғайриинсониву экстремистии ин гурӯҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Ва мо имрӯз ба ин хоинони Ватан ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон гуфтани ҳастем, ки мо мардуми тоҷик барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Сулҳе, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Мо халқи тоҷик ҳаракат мекунем, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро бо суханҳои бардурӯғ ноором созад. Корманди МИҲД-и Н. Восеъ Ш. Маҳмадов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-07-2023, 16:27:55 | Диданд: 199