МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм хатар ба ҷомеа

Терроризм хатар ба ҷомеа

Терроризм хатар ба ҷомеа Ќайд бояд намуд, ки дасисаву туҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан-модар, миллат, давлат ва зодгоҳи худ яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст хислати пасти инсонист. Барои чунин ашхос маҳфумҳои муқаддаси Ватан-модар, миллат, таърих забон ва фарҳанги миллӣ ягон арзиш надорад. Имрӯзхо роҷеъ ба терроризм, экстремизм дар тамоми расонаҳои хабарӣва рӯзномаву маҷаллаҳои кишварамон ҳарф мезананд. Дар байни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки фирефтаи гурӯҳҳои ғайр нагашта, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ба фиребу найранги хоинони кисапараст нашуда, бо дасти хеш худро ба чоҳнапартоянд. Ояндаи худу наздиконашонро доғдор насозанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар тамоми вохӯрӣва суханрониҳои хеш ба наврасону ҷавонон рӯ оварда, бо эътимоди хоса мегӯянд: «Ҷавонон нерӯи тавонову пешбаранда ва ояндасозӣ ин давлату миллатанд. Бояд наврасону ҷавонони даврони Истиқлолият ҳушёру зирак бошанд, бештар ба омӯхтани илму маърифат ва касбу ҳунар рӯ биёранд». Терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ маъниҳои сиёсати тарсонидан, фурӯ нишонидани душманони сиёсӣ, мазҳабӣ бо роҳи мазҳабӣ бо роҳи зӯрӣ, нобудсозӣ ва куштор пайравӣ ба гурўҳҳои ифроти дошта, пайравонаш ба ин васила бештар наврасону ҷавононро фирефтаи худ мегардонанд. Аксарияти ҷавононе, ки аз таълиму тарбия дур монда, иродаи заиф доранд, ба доми онҳо меафтанд. Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ сўиистифода аз сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонону наврасони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ ташвиқ менамоянд. Барои мубориза алайҳи амалҳои номатлуб ҳамагон бояд даст ба дасти ҳам диҳем, то ватани аҷдодии хешро обод намоем. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанд масъул бошанд, онҳоро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонанд. Дар мафкураи онҳо мафҳумҳои муқаддаси Ватан-модар, миллат, таърих ва анъанаҳои ниёгони хешро ҷой диҳанд. Кормандаи шуъбаи маорифи ноњияи Восеъ Мадалиев Қ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-07-2023, 10:51:06 | Диданд: 195